img
Татбиқи лоиҳаи ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта дар ҷанубу шарқ ва ҷануби осиё, инчунин осиёи марказӣ натиҷагирӣ шуд

Имрӯз, 15 июни соли равон дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Лоиҳаи Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта дар Ҷанубу Шарқ ва Ҷануби Осиё, инчунин Осиёи марказӣ баргузор гардид.

Зикр шуд, ки татбиқи Лоиҳаи мазкур аз декабри соли 2017 то декабри соли 2022 идома ёфта, мабалағгузории он аз ҷониби Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Б.Ғафуров, Бӯстон, Деваштич, душанбе, Дӯстӣ, Фархор, Ҳамадонӣ, Ҳисор, Исфара, Истаравшан, Ҷайҳун, Конибодом, Хоруғ, Кӯлоб, Кӯшониён, Левакант, Муъминобод, Н. Хисрав, Панҷ, Панҷакент, Қубодиён, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Шаҳритуз, Спитамен, Турсунзода, Ваҳдат, Варзоб, Восеъ ва Зафаробод татбиқ шуда, то имрӯз тавассути он 10500 нафар кӯдакони оилаҳои муҳоҷирон бо шаҳодатномаи таваллуд ва 536 нафар чунин кӯдакон бо шиноснома таъмин шуданд. Ба 6357 нафар кӯдакони чунин оилаҳо барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ кумаки молиявӣ ва ба 614 нафар кӯдакон хидматрасонии омодасозии парвандаҳо расонида шуд. Ҳамзамон, ба 3000 чунин оилаҳо дар давраи авҷи бемории Ковид-19 кумаки якдафъаинаи пулӣ пардохт шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин Лоиҳа барои тақвияти иқтидори 6 шуъбаи кумаки иҷтимоӣ ва хонаҳои пиронсолон ва марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ кумак карда шуда, 586 нафар масъулини сохторҳои маҳаллӣ оид ба омодасозии парвандаҳо ба омӯзиш ҷалб шуданд. 340 парасторон дар бораи тарбияи мусбат ва дастгирии равонии чунин кӯдакон маълумот гирифтанд.

То имрӯз дар доираи амалии лоиҳаи мазкур ду конфронси байналмилалӣ (2019 ва 2021) ярмаркаҳои кӯдакона дар ноҳияи Панҷ (2019) ва шаҳри Кӯлоб (2021), зиёда аз 150 анҷуманҳои иттилоотӣ ва семинарҳои тематикӣ баргузор шуданд.

Дар ҳамоиши мазкур ҳамчунин сардори Раёсати ҳамкориҳои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Марк Бучманн, роҳбари намояндагии Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Осама Маккави, намояндагони вазорату идораҳо ва дигар коршиносони соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

16.06.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ