img
Вохӯрии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо намояндагони ЮНЕСКО

1 марти соли равон вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо масъули Бахши муҳоҷират, ҷойивазкунӣ, ҳолатҳои фавқулода ва маорифи СММ (ЮНЕСКО) хонум Хода Ҷаберян ва Мергул Алписбаева - намояндаи Бюрои минтақавии ЮНЕСКО дар Алмато доир гардид.

Пас аз пазироӣ Хода Ҷаберян оид ба ташаббусҳои ЮНЕСКО дар самти таҳсилот маълумот дода, ҷиҳати омӯзиши гурезаҳои афғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус ҷалби занон ба таҳсил, касбу ҳунаромӯзӣ ва бокортаъминкунии онҳо дар минтақаҳои зисташон таваҷҷчуҳ намуда, қайд кард, ки масъалаи дастгирии онҳо дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ баррасӣ шуда истодааст.

Ширин Амонзода дар навбати худ оид ба фаъолият ва сатҳу сифати таълим дар муассисањои таълимии системаи вазорат, аз ҷумла ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таҳияи барномаҳои нави таълимӣ ва стандартҳои касбӣ, бозомӯзии омӯзгорон ва устоҳои таълимӣ ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои коргарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, беҳтарсозии малакаҳо ва имкониятҳои бокортаъминшавии ҷавонон, занон, муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин шахсони имконияташон маҳдуд дар бозори меҳнат, инчунин оид ба ҳамкории вазорат бо як қатор шарикони рушд дар самти рақамикунонии соҳа, рушди самтҳои шуғл, таълимоти касбӣ, рушди салоҳиятҳо интихоби касб бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ, маълумот дод.

Дар ҷараёни мулоқот Ширин Амонзода қайд намуд, ки дар доираи ҳамкории МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” бо Ташкилоти ҷамъиятии “Кӯдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд”(RCVC) ва Ташкилоти ҷамъиятии “Вдохновение” гурӯҳи муайяни гурезаҳои Афғонистон дар ноҳияҳои зисташон ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Инчунин, қайд гардид, ки дар ноҳияҳои наздисарҳадии Шаҳритус, Ҷайҳун, Панҷ, Қубодиён, Фархор, Ҳамадонӣ ва Шуғнон литсейҳои касбии техникӣ фаъолият менамоянд, ки заминаҳои моддию техникии онҳо имкон медиҳад то гурезаҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, соҳибкасб карда шаванд.

Ҷонибҳо оид ба ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, рушди малакаҳои касбии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мубодилаи афкор намуда, хонум Хода Ҷаберян тақвияти ҳамкориҳоро ҷиҳати омӯхтани таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи Аврупо дар ин самт муҳим арзёбӣ намуд.

16.03.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ