img
БОЗДИД АЗ МАРКАЗИ РУШДИ МАЛАКАҲО ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

БОЗДИД  АЗ МАРКАЗИ РУШДИ МАЛАКАҲО ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

 

5 марти соли 2025 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Солеҳа Холмаҳмадзода аз Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара дидан намуда, бо шароити фароҳамовардашуда ва рафти касбомӯзии шаҳрвандон дар курсҳои кӯтоҳмуддат шинос шуд. 

 Холмаҳмадзода С. зимни боздид аз марказ ба сатҳу сифати таълим ва мусоидат дар бокортаъминшавии хатмкунандаҳо  таваҷҷуҳ намуда, бо раванди машғулиятҳои амалӣ дар устохонаи коркарди меваю сабзавот  аз наздик шинос шуд. Дар устохонаи мазкур барои омода намудани афшӯраи меваҳо, коркарди сабзавот, консерватсиякунонӣ ва нигоҳубини он шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Заминаи моддию техникии маркази мазкур барои омода намудани мутахассисони соҳаи кишоварзӣ пешбинӣ шуда, шаҳрвандон аз рӯйи  касбҳои “Мутахассиси коркарди меваю сабзавот”, “Таъмиргари техникаи кишоварзӣ”, “Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ”, “Таъмиргари асбобҳои рӯзгор” ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

Маркази мазкур бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин буда, дар дохили бино маркази нигоҳубини кӯдакон ва хобгоҳ бо 130 ҷойи хоб иборат аз 57 ҳуҷра таъсис дода шудааст.

Аз ҷониби вазир бо назардошти шароити фароҳамовардашуда ҷиҳати истифодаи самараноки заминаи моддию техникии марказ ва омода намудани мутахассисони ба талаботи корфармои дохилӣ ва хориҷӣ ҷавобгӯ ба роҳбарияти муассиса дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

 Вазирро раиси ноҳия Сиҷоуддин Саломзода ва менеҷери Лоиҳаи "Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ" - Сафаров Далер ҳамроҳӣ намуданд.

05.03.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ