img
САФАРИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН БА  ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор 5 гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода таъсис дода шуда,  бо мақсади шиносоӣ аз вазъи будубош ва кору фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Россия ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни онҳо ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Новосибирск сафарбар карда шудаанд.  

 

Дар доираи сафари мазкур дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ва ҳайати ҳамроҳони ӯ бо масъулони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва аъзоёну фаъолони Шурои ҷамъиятии назди сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар чорабинӣ кормандони намояндагиҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иштирок доштанд.

 

Дар вохӯрӣ нахуст аз ҷониби масъулон доир ба вазъи кунунии соҳаи муҳоҷирати кишвари иқомат, тадбирҳои анҷомдодаи намояндагиҳо ва корҳои ба нақшагирифташуда барои фаъолияти минбаъда маълумоти муфассал дода шуд. Қайд гардид, ки раванди муҳоҷирати меҳнатӣ зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҷиҳати ба танзим даровардани он, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия чораҳои амалӣ меандешад.

 

Зимнан иброз гардид, ки байни Тоҷикистону Федератсияи Россия якчанд санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки дар асоси онҳо ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳифз карда мешаванд.

 

Таъкид гардид, ки намояндагони сохтору мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия фаъолият менамоянд, муроҷиатҳои муҳоҷирони меҳнатиро сари вақт ва фаврӣ баррасӣ намуда, онҳоро роҳнамоӣ кунанд ва ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҳамватанони бурунмарзӣ мусоидати бештар намоянд.

 

Дар рафти чорабинӣ доир ба масоили муҳити фикриву маънавӣ ва фарҳангии ҳамватанони бурунмарзӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд.

 

Дар охири мулоқот аз фаъолияти созгор, роҳандозии иқдомҳои шоиста, мулоқоту вохӯриҳои судманд бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва саҳмгузорӣ дар муттаҳидиву ҳамдилии ҳамватанон дар кишвари иқомат ва дастгирии ҳамдигарии ҷамъиятҳои тоҷикон, инчунин аъзоёни фаъоли Шурои ҷамъиятии назди сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

 

Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби роҳбарону фаъолони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон саволу таклифҳо пешкаш гардид, ки мавриди муҳокимаи гурӯҳи корӣ қарор гирифтанд.

 

09.08.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ