20 июли соли равон мулоқоти муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикиситон Шаҳноза Нодирӣ бо сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар ба анҷом расидани миссияи номбурда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Аз ҷониби вазорат ҷиҳати саҳми арзандаи И.С. Лякин-Фролов дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ ва сипос карда шуда, фароҳам будани заминаҳои устувор барои ҳамкориҳои минбаъда қайд гардид.
Ҳамзамон, тарафҳо вобаста ба масъалаҳои матраҳгардидаи ҷаласаи 15 гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Россия ( 6 июли соли 2022) ва сафари расмии навбатии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Точикистон ибрози назар карданд.
Дар мулоқот аз натиҷаи корҳои анҷомёфта дар давраи фаъолияти сафир И. С. Лякин-Фролов изҳори қаноатмандӣ карда шуда, ба муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Россия ҳамчун шарикони стратегӣ баҳои баланд дода шуд.