img
ТАҚДИМИ МАВОДИ ТАЪЛИМӢ ВА ВИДЕОДАРСҲО

Дар доираи сафари Гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон масъалаҳо вобаста ба таъмини муассисаҳои таълимии тобеи вазорат бо маводҳои таълимӣ, аз ҷумла бо китобҳои дарсии фанҳои тахассусӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ин замина, аз ҷониби Созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Вазорат зиёда аз 50 китоби дарсӣ фанҳои тахассусӣ ва зиёда аз 70 видеодарсҳо, вобаста ба касбҳои қаннодӣ, қолинбофии дастӣ, таъмири муҳаррики автомобил, таъмири телефонҳои мобилӣ, кафшергарии барқӣ, тарроҳии либос ва дигар касбу ҳунарҳои муосир тақдим карда шуд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз ҷониби созмони болозикр ба вазорат зиёда аз 1000 стандарти касбии касбҳои коргарӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин дастрас карда мешаванд.

21.10.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ