img
ТАШАККУЛИ БОЗОРИ МЕҲНАТ  ВА МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

Дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи роҳандозии сиёсати босамари иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дастовардҳои назаррас ба даст омад. Маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии соҳа таҳким ва рушд ёфта, барои пешрафти соҳа заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ин давра 3 қонун, 1 стратегия, 1 консепсия ва 20 қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба танзими равандҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ таҳия, қабул ва татбиқ шудаву амалӣ гардида истодаанд, ки барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар нақши хеле муҳим доранд.

    
Аз ҷумла, қабул гардидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» (аз 1 августи соли 2003, №44), «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» (аз 29 январи соли 2021, №1761), «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» (аз 24 феврали соли 2017, №1394), «Консепсияи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2012» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, №183), «Нақшаи миллии татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2012» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006, №391),   «Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Тоҷикистон то соли 2020» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 июни соли 2011, №277), «Дар бораи тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2017, №568), «Дар бораи Қоидаҳои ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №373), «Дар бораи Қоидаҳои ташкил, шартҳои гузаронидан ва номгӯи корҳои ҷамъиятӣ» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №93), «Дар бораи номгӯи корҳои ҷамъиятӣ» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №121), «Дар бораи тартиби бақайдгирии шаҳрвандони бекор» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2004, №170), «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №93» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, №106), «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ расонидани хизматҳои машваратӣ ва кумаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон аз 31 январи соли 2006, №62), «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2006, №62» (қарори Ҳуку¬мати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2009, №136), «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2006, №62» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №439), «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои муқаррар намудани квота барои ба кор қабул кардани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, №181), «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, №181» (қарори Ҳуку¬мати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №675) ва 8 Барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2007, 2008-2009, 2010-2011, 2012-2013, 2014-2015, 2016-217, 2018-2019 ва 2020-2022, ки айни ҳол мавриди татбиқ қарор дорад.  Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5505,6 ҳазор нафар то ба 10120,3 ҳазор нафар ё 1,8 баробар афзуд ва дар ин заминаи шумораи захираҳои меҳнатӣ низ аз 2526,0 ҳазор нафар то ба 5833,0 ҳазор нафар ё  2,3 маротиба афзуд.


Шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол ва аҳолии машғули кор дар ин давра 1,2 маротиба афзоиш ёфта, мутаносибан 2659,3 ҳазор нафар ва 2610,0 ҳазор нафарро ташкил намуд. Дар ҳамин замина ҳаҷми Маҳсулоти Умумии Дохилӣ дар ҷумҳурӣ аз 13,4 миллион сомонӣ дар соли 1991 то ба 115,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 афзоиш ёфта, тақсимоти он ба ҳар сари аҳолӣ дар ин давра аз 2,5 сомонӣ то ба назик 13,0 ҳазор сомонӣ баробар шуд. Маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 83 фоизи солҳои навадум то ба 13,4 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд, ки наздик 6,2 баробар мебошад. Бояд қайд намуд, ки барои расидан ба ин дастовардҳо саҳми мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ назаррас мебошад.


Дар натиҷаи амалӣ намудани 8 Барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2006 - 2020) аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар миқёси ҷумҳурӣ маҷмӯан 851,3 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор ва корҷӯён бо ҷойҳои корӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъмин гардиданд. Дар ин давра, дар мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 2 миллиону 492,6 ҳазор нафар шаҳрвандон ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, ба теъдоди 1 миллиону 278,2 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шуд.  Аз теъдоди бекорони расман мақоми бекорӣ гирифта, 851,3 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки дар таносуб ба шумораи умумии шаҳрвандони бекори расман ба қайдгирифташуда, 66,6 фоизро ташкил медиҳад.


Ҳамчунин дар ҳамин давра 288,8 ҳазор нафар шаҳрвандон ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуда, 58,7 ҳазор нафар аз қарзҳои имтиёзнок барои машғул шудан ба соҳибкорӣ бархӯрдор гардиданд. 
Ба ҳисоби миёна ҳамасола ба шаҳрвандони бекор аз ҳисоби бозгашти қарзҳои имтиёзнок ба маблағи на кам аз 10,0 миллион сомонӣ қарзҳои бефоиз барои машғул шудан ба соҳибкории инфиродӣ таъин ва пардохт шудааст. Дастоварди муҳим дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди системаи таҳсилоти касбии калонсолони Тоҷикистон мебошад.


Маҳз дар ҳамин давра, заминаи меъёрию ҳуқуқии системаи таҳсилоти касбии калонсолон дар Тоҷикистон ташаккул ёфта, дар айни замон муассисаҳои таҳсилоти касбии калонсолон бо филиалҳо ва намояндагиҳои худ, теъдоди 75 ададро ташкил медиҳанд ва дар саросари кишвар хизматрасониро дар самти таҳсилоти касбӣ амалӣ менамоянд. Аз давраи ташкил шудани системаи таҳсилоти касбии калонсолони Тоҷикистон дар муассисаҳои таълими касбии ин ситема 267,0 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор ва корҷӯёну муҳоҷирони меҳнатӣ ба таври ройгон дар ин муассисаҳо ба тайёрии касбӣ ҷалб гардидаанд. Дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар 4,8 миллион ҷойҳои корӣ таъсис дода шудааст, ки дар ин замина суръати баланди афзоиши Маҷмӯм Маҳсулоти Дохилӣ таъмин карда шуд.


Ҳамин тавр, маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми муназзами фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ташкил карда шуд, ки ин система алҳол дорои заминаи мустаҳками моддию техникӣ ва нерӯи кадрӣ буда, барои босамар таъмин намудани сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама имкониятҳо бархӯрдор мебошад. 
Маълумот доир ба тамоюли тағйирёбии нашондиҳан¬даҳои макроиқ-тисодӣ ва бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шакли ҷадвал нишон додо мешавад.

Замимаи 4.
Дар даврони тақдирсози мамлакат масъалаҳои мусоидати ройгон дар интихобу дарёфти кори мувофиқ, гирифтани маълумот дар борои ҷойҳои кории холӣ, хизмати миёнаравии ройгон, тамоюлҳои касбӣ, тарбия ва бозомӯзии касбӣ, такмили ихтисос, пардохти кумаки молиявӣ барои давраи бекорӣ, таъмини дастгирии молиявӣ дар ташкили машғулияти инфиродӣ ва соҳибкории хурду миёна, ки ҷойҳои нави кориро ба вуҷуд меорад, аз силсилаи фаъолиятҳое мебошанд, ки тавассути ҷаҳду талошҳои кормандони Агентӣ ба амал бароварда мешаванд.


Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо дар пешорӯи сохтанҳо, навкориҳо ва тозаандешиҳо қарор дорад ва вобаста ба тағйир ёфтани шакл ва мазмуни зиндагии сокинони кишвар дар қонунгузорӣ, меъёрбандӣ ва санадгузориҳо низ тағйирот ба миён меоянд. Ҳамвора ба пешбурди фаъолиятҳои амалӣ, дар давоми ин солҳо ихтисосмандони Агентӣ дар мустаҳкам кардани пояҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа низ бо имкониятҳои дастдошта ва истифодаи захираҳои зеҳниашон ширкат варзидаанд.  Ҳамзамон, соли 2003 бо назардошти тағйиротҳои кулли баамаломада дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва моҳиятан ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ намудан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» дар таҳрири нав омода ва аз тарафи Парлумони кишвар қабул ва мавриди амал қарор дода шуд. Баъдан дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонуни мазкур 5 маротиба  тағийру иловаҳо ворид карда шуданд. 


Дар ин давом аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии такмили сохтор ва пешрафти самтҳои фаъолияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ зиёда аз 17 қарорҳои фарогирандаи паҳлуҳои гуногуни соҳа ба тасвиб расидаанд.     Илова бар ин, ҷиҳати рушду такомули минбаъдаи соҳа ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи сохторҳои таркибии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳо, идораҳо ва муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, 8 маротиба Барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ки дурнамои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои минбаъда муайян менамоянд, таҳия ва қабул карда шуданд. Барномаҳои мазкур ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири стратегияҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон, барномаҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон аҳамияти муҳими иҷтимоӣ дошта, дар таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоӣ саҳми муносиб доранд.


Ин барномаҳо аз маҷмӯи тадбирҳое иборат мебошанд, ки пеш аз ҳама ба паст намудани шиддати вазъ дар бозори меҳнати дохили кишвар нигаронида шудаанд ва чорабиниҳои зеринро дар бар мегиранд: таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар, бокортаъ¬минкунии шаҳрвандони бекор ва корҷӯён тавассути ҷойҳои кории холӣ (вакансияҳо), ташкили раванди тайёрии касбии шаҳрвандони бекор, расонидани хизматҳои машварати касбӣ, дастгирии молиявии шаҳрвандони бекор дар рушди соҳибкории инфиродӣ, ташкили корҳои ҷамъиятии музднок ва таъмини шаҳрвандон бо кумакпулӣ барои давраи бекорӣ.


Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ тайи ин солҳо фаъолияти худро дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», ҳуҷҷатҳои Стратегӣ ва барномавии соҳа ва дастуру ҳидоятҳо аз паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳо, аз қабили татбиқи сиёсати фаъол бо мақсади таъмини кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳнати арзанда, таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоии шаҳрвандон ҳангоми бекорӣ, дастгирии табақаҳои дар бозори меҳнат осебпазир, ҷалби теъдоди ҳарчи бештари аҳолии қобили меҳнат ба шуғл ва ба ин васила коҳиш додани сатҳи бекорию баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ба натиҷаҳои муайян муваффақ гардид.


Дар ҳамин замина Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати ботадриҷ татбиқ ва амалӣ намудани сиёсати давлатии  мусоидат ба шуғли аҳолӣ тибқи ҳуҷҷатҳои консептуалии соҳа дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ, миёнаравӣ дар бозори меҳнат, тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси бекорон, дастгирии фаъолияти соҳибкории шахсони бекор, ташкили корҳои ҷамъиятии музднок, баргузор намудани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва  таъину пардохти кумакпулӣ барои давраи бекорӣ фаъолияти густардаро роҳандозӣ намуд. Аз ҷумла, дар даврони 30 соли Истиқлолияти Ҷумҳу¬рии Тоҷикистон ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 2 млн. 582 ҳазору 120 нафар шаҳрвандони корҷӯй муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора ба 1 млн. 299 ҳазору 167 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмӯъ 866 ҳазору 622 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд. Аз ҷумла, ба воситаи корҳои фардӣ 57 ҳазору 836 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд. 


Дар асоси шартномаҳои тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 291 ҳазору 898 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 270 ҳазору 106 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети барнома дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуданд. Ба 320 ҳазору 296 нафар бинобар аз даст додани ҷойи кор кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардид. Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ дар ин муддат 3 млн. 268 ҳазору 758 ҷойҳои кории нав таъсис дода шуд. Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин давра 9369 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шудааст.  Дар натиҷаи татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ва барномаҳои миёнамуҳлати мусоидат ба шуғли аҳолӣ сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ аз 83,0 фоизи солҳои 90-ум то ба 32,0 фоиз ё худ 2,6 маротиба коҳиш дода шуд.

 

Қурбонов Ниёз Маҳадбоқиевич 

Сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ

                               Номзади илм

14.06.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ