Боиси зикр аст, ки ҳамасола бо мақсади натиҷагирӣ аз тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва муайян намудани самтҳои фаъолияти сохторҳои марбутаи давлативу ҷамъиятӣ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад. Паёми имсолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 ироа гардида, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ ва дастури расмии кории тамоми кормандони мақомотҳои давлативу ҷамъиятӣ мегардад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми сиёсии давлатдорӣ санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, оинаи рӯшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки на танҳо кормандони давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон беш аз пеш ба ин санади муҳиму арзишманд рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти ҳамешагии худ қарор медиҳанд.
Дар шароити мураккаб ва тағйирёбандаи ҷаҳонӣ, аҳамияти сиёсати давлатдории устувор ва дурбинона яке аз роҳҳои асосии таъмини амнияти миллӣ ва иқтисодӣ ба шумор меравад. Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар яке аз муҳимтарин санадҳои сиёсӣ маҳсуб меёбад, ки самтҳои стратегии рушди мамлакатро муайян ва дар шароити пур аз тазодҳои вазъи ҷаҳони муосир, ҳимоя намудани манфиатҳои миллӣ ва иқтисодӣ ҳамчун асоси таъмини амнияти сартосариро фаро мегирад.
Диққати махсус дар раванди гузариш ба рушди устувор ба консепсияи рушди устувори инсонӣ равона шудааст. Бинобар ин, пурра аз байн бурдани камбизоатӣ, иваз намудани моделҳои ноустувор ва пешбурди моделҳои устувори истеъмолот ва истеҳсолот, инчунин ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ, вазифаҳои асосӣ ва шартҳои ҳаётан муҳими рушди устувор ба шумор мераванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини устувории макроиқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, бунёди иншооти иҷтимоӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва фаъолгардонии иқтидорҳои мавҷуда ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хосса пайдо намудааст.
Гуфтан ба маврид мебошад, ки соли 2024 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8,4 фоиз таъмин карда шудааст ва инчунин соли 2024 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 150 млрд. сомониро ташкил намуд. Ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли 2018 мутаносибан 79 млрд. сомонӣ ва 2,1 маротиба зиёд мебошанд. Дар фаъолияти минбаъда низ рушди соҳаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нигоҳ дошта, соли 2025 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намуданро ба сохторҳои дахлдор муҳтрам Пешвои миллат дастур доданд.
Тибқи роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои Ҳукумати кишвар дар оянда ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст.
Зарурият ва аҳаммияти андешидани чораҳои судманд, ки баҳри вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ, ҷиҳати ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон равона шудаанд, ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои дахлдор дода шуд. Ҳамчунин, ба Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки ҳалли масъалаҳои зикршударо ҳарчӣ зудтар таъмин намоянд. Дар ин раванд, супориш дода шуд, ки то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд. Зеро дар бисёр кишварҳо нишондиҳандаи пардохтҳои ғайринақдӣ 80 – 90 фоизро ташкил медиҳад ва он яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия мебошад.
Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод оварда шуд, ки солҳои 2025 – 2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад.
Дар Паёми навбатӣ масъалаи рушди маориф ва илм низ яке аз самтҳои асосии сиёсати дохилии Ҳукумати мамлакатро ташкил медиҳад. Дар мавриди беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва ба таври ҷиддӣ роҳандозӣ намудани таълими забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои компютерӣ бамаврид қайд гардида, рушди ояндаи мамлакат аз онҳо вобаста дониста мешавад.
Дар паёми навбатӣ ироа карда шуд, ки дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст. Суръати миёнасолонаи рушди соҳа дар ин давра дар сатҳи 15 фоиз таъмин гардид, ки бо дарназардошти имконияту иқтидорҳои мавҷуда барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҳанӯз нокифоя мебошад ва суръати рушди соҳа ҳар сол на кам аз 20 фоиз бояд таъмин карда шавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, доир ба пешбурди муваффақи сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ, аз ҷумла, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занону духтарон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Дар Паём аз ҷумла қайд гардид, ки шуруъ аз 1 сентябри соли 2025 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад. Ҳамзамон, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳадди ақалли музди меҳнат бошад, барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқарар карда мешавад.
Дар баробари ин, тибқи супориши Пешвои миллат нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда мешавад. Ироа шудани Паём аз тарафи Роҳбари давлати Тоҷикистон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи тоҷик аст.
Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ, барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ, оид ба зарурияти дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намудан, ки боиси баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мегардад, ибрози ақида карда шуд.
Дар идомаи суханронӣ ҳадафҳои олии сиёсати дохилии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар соли сипаригашта ва имкониятҳои иқтисодии мамлакат дар солҳои оянда бо таҳлили амиқи омории он, ки баҳри беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда шуда истодааст, баён гардид. Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шуд, ки дар ҳамаи ин корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад.
Илова бар ин, ба тамоми сохторҳои мамлакат супориш дода шуд, ки дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Ба инобат гирифтан ва сарбаландона иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми соли 2024 ироа гардиданд, кафили суботу оромӣ ва ифодагару дар амал татбиқ гардидани сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳалли масъалаҳои дар Паём ироа гардида кафили зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони ҳар сокини мамлакат мебошад.
Баҳодуров САФАРБЕК
Муовини сардори раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ- сардори
Шуъбаи ҳифзи меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ