img
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

 

аз 18 феврали соли 2024 №73
ш. Душанбе

 

Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ
дар солҳои 2024-2026

 

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади иҷрои банди 30 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, №570 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз соли 2024 то соли 2026 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи 1 500 000 (як миллиону панҷсад ҳазор) сомонӣ таъсис дода шавад, аз ҷумла:

— дар соли 2024 — 20 грант ба андозаи 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ;

— дар соли 2025 — 20 грант ба андозаи 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ;

— дар соли 2026 — 20 грант ба андозаи 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ.

2.Қоидаҳои ҷудо намудани гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

3.Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи маблағҳои буҷетии дар соли 2024 пешбинишуда таъмин карда, маблағҳои заруриро дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои солҳои 2025-2026 пешбинӣ намояд.

 

4.Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

 

Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «18» феврали соли 2024, №73

Қоидаҳои ҷудо намудани гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ
дар солҳои 2024-2026

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Қоидаҳои ҷудо намудани гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026 (минбаъд — Қоидаҳои мазкур) бо мақсади дастгирӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии ҳунармандон таҳия гардида, тартиби таъсиси комиссияи грантӣ ва ваколатҳои он, тартиби қабул ва баррасии дархост, ҷудо намудани грантҳо, муҳлат ва назорати амалигардонии лоиҳаҳои грантиро муқаррар менамояд.

 

2. Грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024–2026 (минбаъд — Грант) бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ барои эҳё, ҳифз ва рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон равона карда мешавад.

 

3. Грантҳо ба ҳунармандоне ҷудо карда мешаванд, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо ба талаботи Қоидаҳои мазкур ҷавобгӯ буда, барои рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар самтҳои ҳунармандӣ, омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, омӯзишу тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ нигаронида шудаанд.

 

2. ТАРТИБИ ТАЪСИС ВА ВАКОЛАТҲОИ
КОМИССИЯИ ГРАНТӢ

 

4. Бо мақсади амалисозии фаъолият оид ба дастгирии грантӣ дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — Вазорат) бо қарори ҳайати мушовараи Вазорат комиссияи грантӣ оид ба дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ (минбаъд — Комиссия) таъсис дода мешавад.

 

5. Комиссия аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои адлия, молия, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои кор бо занон ва оила, рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 9 нафар таъсис дода мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ Комиссия дар фаъолияти худ метавонад коршиносони мустақилро ҷалб намояд.

 

6. Роҳбарии умумӣ ва назорати рафти амалисозии лоиҳаҳои грантӣ ба зиммаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуда, вазир Комиссияро роҳбарӣ мекунад.

7. Комиссия ба муддати як сол таъсис дода мешавад.

8. Фаъолияти Комиссия мутобиқи Қоидаҳои мазкур танзим карда мешавад.

9. Комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:

— лоиҳаҳои ба озмун пешниҳодшударо баррасӣ менамояд;

— вобаста ба вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо квотаҳо ҷудо менамояд;

— ғолибони озмунро муайян мекунад.

 

www. president.tj

 

20.02.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ