img
ПАЁМ РОҲНАМОИ ФАЪОЛИЯТИ МО

Ҳар сол Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур мешавад, ки дар аксар кишварҳои олам роиҷ мебошад. Хусусият ва моҳияти Паём аз чӣ иборат аст? Аз рӯйи сохтори худ Паём бештар ба Барнома наздикӣ дорад. Дар он роҷеъ ба корҳои иҷрошуда ва мақсаду нақшаҳои оянда дар самти сиёсати дохилию хориҷӣ  муфассал маълумот дода мешавад. Ҳамзамон, Паём ба раванди такомули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Агар амалӣ намудани нуктаҳои Паём ба қабули қонунҳо ва дигар асноди ҳуқуқӣ вобаста бошад, пас таҳия ва қабули онҳо вусъат меёбад.

 

Чун қоида ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тафсир дода мешавад, вале Паём ба тафсир эҳтиёҷ надорад. Зеро ҳар як нуктаи он бо шарҳу тафсири мукаммал баён гардида, вазифаҳои гузошташуда ва механизми иҷрои онҳо мушаххас нишон дода шудаанд. Илова бар ин, Паём бо забони ноб  баён  ёфта, барои тамоми табақаҳои ҷомеа фаҳмо ва дастрас мебошад.

 

Паёми имсолаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” (28-уми декабри соли 2023) таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти тамоми соҳаҳоро фарогир аст. Тавре дар Паём зикр шудааст:  “Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа  пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба 130 миллиард сомонӣ расонда шуд.

 

Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона гардидааст. “Мо, инчунин, ташаккули “иқтисоди сабз”, суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудем”.

 

Таҳти роҳбарии хирадмандонаи       Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати  ҷумҳурӣ  бо барқарорсозии сулҳу субот дар кишвар имконият фароҳам омад, ки бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҳамаҷониба рушд ёбанд. Дар ин раванд, тавре дар Паём зикр шудааст, бо назардошти аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат эълон шудаанд. Бобати амалисозии ин иқдоми муҳим тайи ду соли охир дар кишвар беш аз 1200 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Минбаъд ин раванд идома ёфта, корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо истифодаи технологияи нави муосир ифтитоҳ меёбанд ва шумораи зиёди шаҳрвандон бо кор таъмин хоҳанд шуд.

 

Ба кори доимӣ ҷалб намудан, омӯхтану мавриди амал қарор додани касбу ҳунар, махсусан ҳунарҳои мардумӣ ва рушди сайёҳӣ низ аз омилҳои пешрафти иқтисодии кишвар, беҳбуди зиндагии мардум маҳсуб мешаванд. Дар Паёми Сарвари давлат зикр шудааст, ки дар солҳои 2018-2023 барои рушди соҳаи сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида, илова бар ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии  кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст. Амалисозии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ,  рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, заргарӣ ва косибӣ, инчунин, касбу ҳунаромӯзии шаҳрвандони мамлакат, таҳти  назорати қатъии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор мегиранд.

 

Ҷоизи қайд аст, ки дар кишвар шумораи аҳолии қобили меҳнат мунтазам рӯ ба афзоиш буда, дар панҷ соли охир 8,4 фоиз зиёд гардидааст. Инчунин, суръати афзоиши аҳолӣ нисбат ба суръати афзоиши қувваи корӣ 2,5 баробар зиёд мебошад. “Бинобар ин, ҷиҳати қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ ба шуғл зарур аст, ки тибқи супоришҳои қабл дар соҳаҳои иқтисоди кишвар ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор ҷойҳои  кории нав таъсис дода шаванд”, - омадааст дар Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. “Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки ташкили ҷойҳои кории нав бо музди меҳнати муносиб дар дохили кишвар ва омӯзондани касбҳои коргарӣ  ба шаҳрвандон яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат маҳсуб мешавад.

 

Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ дар ин самт масъулияти бевосита доранд”. Барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳукумати мамлакат ҳамеша ғамхорӣ зоҳир менамояд. Мутобиқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт тадбирҳои зайли самарабахш татбиқ мегарданд:

 

 - аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда мешаванд.

 - аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм,  фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо  40 фоиз зиёд карда мешаванд.

- инчунин, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда мешавад.

Ҳамзамон, аз 1-уми июли соли 2024  ҳадди ақали  музди меҳнат барои кормандони тамоми соҳаҳои  иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.

 

Соли 2024 сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷлил мегардад. Доир ба нақш ва моҳияти Конститутсия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём  чунин иброз доштанд: “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия  ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои  ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад”. Дар ин хусус Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2023 содир гардид.

 

Ҳамин тариқ, дар Паём дастоварду пешравиҳои тайи солҳои охири  кишвари соҳибистиқлоламон ба таври возеҳ нишон дода шудаанд. Паём фаъолияти тамоми соҳаҳоро фарогир мебошад. Ҳамзамон, Паём дар назди сохторҳои давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо  ҷиҳати иҷрои вазифаҳои нав  пешниҳоди мушаххас мегузорад.

 

Дар Паём масъалаҳои мубрами рӯз баён гардидаанд, ки бевосита ба фаъолияти минбаъдаи Муассисаи давлатии ”Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” марбутанд. Дар мамлакат эълон шудани солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат ва дар ин замина сохтани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, рушди соҳаҳои сайёҳӣ, эҳё гардондани ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, заргарӣ ва косибӣ, ба роҳ мондани фурӯши ин навъи маҳсулоти ҳунармандони мардумӣ, тайёр намудани кадрҳои коргарӣ ва такмили ихтисоси кормандон масъалаҳое мебошанд, ки Пажуҳишгоҳ бояд дар доираи салоҳияти худ мавриди таҳқиқ, таҳлилу омӯзиши ҳамаҷониба ва амиқ қарор диҳад.

 

Воқеан, самтҳои таҳқиқот аз ҷумлаи масъалаҳое маҳсуб мешаванд, ки ба шуғли пурмаҳсул робитаи бевосита доранд ва бо назардошти муҳимии  раванди тақвиятбахшии шуғли пурмаҳсул,   Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” барои давраи солҳои 2022-2026 мавзуи илмии “Асосҳои иҷтимоӣ-меҳнатии таъмини шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро интихоб намудааст.

 

   

                                                    Моёншо МАҲМАДБЕКЗОДА,

номзади илмҳои сиёсӣ,

директори МД ”Пажӯҳишгоҳи меҳнат,

муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”

01.05.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ