Тибқи банди 3-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 юми декабри соли 2021, таҳти №565 вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар муаззаф гардиданд, ки иҷрои Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 ва нақша чорабиниҳо оид ба амалигардонии онро таъмин намоянд.
Бо мақсади иҷрои талаботи қарори мазкур 14 уми апрели соли 2023 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби МД “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” барои кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои вазорат семинари омузишӣ дар мавзуи “Шарҳи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026” баргузор гардид.
Дар семинар сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳайли Қодирӣ иштирок намуда, доир ба мавзуи “Фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, механизми миллӣ ва байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ”, сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии ниҳоди мазкур Икромова З. дар мавзуи “Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани шаклҳои табъиз” маърузаҳо намуданд.
Мавриди зикр аст, ки амалишавии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 барои таъмини шароити зиндагии арзанда барои ҳар як фарди ҷомеа имконият фароҳам оварда, иҷрои чорабиниҳои он барои баланд бардоштани маданияти ҳуқуқи инсон, риояи ҳқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамкории байни мақомоти давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҷорӣ намудани омӯзиши фанни ҳуқуқи инсон дар системаи маориф, барномаҳои таълимии судяҳо ва низоми хизмати давлатӣ ва чанде аз ҳадафу мақсадҳои дигар мусоидат менамояд.
Иштирокчиёни семинари омӯзишӣ бо таваҷҷуҳи хос ба баромадҳо мароқ зоҳир намуда, дар хотима байни иштирокдорон ва маърузачиён саволу ҷавоб доир гардид.