Зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - терроризм ва экстремизм дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо мекунад. Метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ рӯ ба рӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ зери фишори неруву унсурҳои бегона қарор гирифтааст. Аз байн рафтани низоми давлатдории як қатор кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи байналмилалиро хеле заиф намуда, истиқлоли давлатҳоро осебпазир гардондааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем.
Бо назардошти ин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон як қатор чораҳо оид ба пешгирӣ аз ин падидаҳои номатлуб андешида шудаанд. Аз ҷумла, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва Нақшаи амал оид ба амалисозии стратегияи мазкур тасдиқ гардидааст.
Ҳадафу вазифаҳои стратегияи мазкур ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.
Инчунин, Стратегияи зикршуда мутобиқ ба иқдомоти Тоҷикистон доир ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар баробари дигар соҳаҳо дар як вақт таъсиррасонии омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунандаро вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ низ танзим менамояд.
Дар робита ба иҷрои Стратегияи мазкур Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолӣ сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро такмил дода, ба беҳтар намудани шароитҳои будубош ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат ва ҷиҳати сабук намудани реҷаи будубош, шароити меҳнат ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо дар кишварҳои будубош тадбирҳои саривақтӣ меандешад.
Самти дигари фаъолият ин амиқгардонии низоми омодагии муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо дар давраи то сафар, аз ҷумла, таъминоти ҳуқуқӣ, иттилоотӣ, омодасозии кӯтоҳмуддати касбӣ ва забондонии онҳо дар марказҳои омодагӣ мебошад.
Месазад зикр сохт, ки пешгирии ҷалбкунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба сафи ташкилотҳои экстремистию террористӣ дар кишварҳое, ки ба онҳо шуѓл пешниҳод намудааст, дар меҳвари фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолӣ қарор дорад. Пеш аз ҳама, дар байни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ оид ба шароитҳое, ки ба ҷалбкунии онҳо аз ҷониби ташкилотҳои тундрав дар хориҷи кишвар мусоидат менамоянд, дар ин замина коркард намудани чораҳои самараноки ҳимоят кардани онҳо аз таъсир ва ташвиқоти ташкилотҳои экстремистӣ, паҳни маводи иттилоотию тавзеҳотӣ дар шакли буклетҳо, плакатҳо ва дастурҳо оид ба тарзу усулҳои фаъолияти ҷалбкунии ташкилотҳои экстремистӣ дар хориҷи кишвар, хабардоркунии онҳо аз феҳристи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсие, ки фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидааст, ҷараён мегирад.
Вазъияти баамаломада тақозо мекунад, ки мо, тоҷикон ва тоҷикистониён, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ барои пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухурдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок карда, бобати таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро бояд истифода намоем. Чунки таҷрибаи ҷаҳонии муқовимат ба экстремизм ва терроризм нишон медиҳад, ки риояи қонун ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар пешгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти номаталуб ва хатарнок нақши калидӣ дорад.
Имрӯз, ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз омилҳои таҳдидкунанда ба сулҳу субот, оромию осудагӣ ва озодию якпорчагии кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла, кишвари тинҷу ороми мо низ, тавре воқеоти нангини ВМКБ нишон дод, ҳаракатҳои ифротгароӣ мебошанд, ки новобаста аз муборизаи шадид ва оштинопазири мақомоти дахлдор ба ҷомеа таъсири манфии худро мерасонанд.
Ба фикри камина, сабаби фирефта ва ба доми чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ афтидани ҷавонон ин аст, ки сатҳи дониши онҳо, аз ҷумла, донишҳои диниву дунявиашон хеле паст аст. Ҳамзамон, надонистани забону арзишҳои аслии динӣ, надоштани касб, шукргузорӣ накардан аз оромию осудагии кишвар, озодии мардум ва ба қадри истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ нарасидан низ сабабгори ба доми ифротиён афтидани ҷавонон мегарданд.
Дар ҳақиқат ҳам, вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусиятҳои зиёд пайдо кардани зуҳуроти хатарноки замони ҳозира, аз ҷумла, ҷиноятҳои фаромиллӣ башариятро ба ташвиш овардааст ва ин моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон дастаҷамъона диққати махсус зоҳир намоем. Бетарафӣ нисбати ин зуҳуроти номатлуби замони муосир боиси монеа ба рушди минбаъдаи давлат, ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва бехатарии кишвар мегардад.
Шаҳрбону Маллаева, мутахассиси пешбари Раёсати ҳуқуқ
ва сиёсати кадрҳои ВММША ҶТ