img
БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ КОРИ “ЛОИҲАИ НАВСОЗИИ ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ ВА ҲАМГИРОИИ ИҚТИСОДӢ” -И НАЗДИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2025 ВА МУАЙЯН НАМУДАНИ ВАЗИФАҲО ДАР СОЛИ 2026

Рӯзи 19 декабри соли равон дар толори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”-и назди Вазорат дар соли 2025, банақшагирии вазифаҳо дар соли 2026 ва муайян намудани ҳамкорӣ байни Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, раёсат, шуъба ва бахшҳои дар маҳалбудаи он, филиалу намояндагиҳои Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир”, КВД-ҳои низоми Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва ширкатҳои маҳалии ёрирасон-фасилитаторон дар ҳузури вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

 

Дар ҷаласа Вазир дар бораи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар”, ки 16 декабри соли равон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, барои якҷову ҳадафмандона, бо рӯҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош варзида, барои амалишавии дастуру супоришҳо аз паёми Сарвари Давлат аз ҳозирин даъват ба амал оварданд.

 

Қайд карда шуд, ки бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ дар назди Вазорат “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” татбиқ мегардад, ки ҳадафи асосии он дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи хонаводаҳои камбизоат ва осебпазир аз хавфҳо, мусоидат ба фарогирии иқтисодӣ ва беҳтар намудани низоми ҳифзи иҷтимоӣ иборат мебошад.

 

Фаъолияти Лоиҳа аз ду мақсади асосӣ: беҳтар намудани хизматрасониҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои дастгирии бекорон тавассути рақамикунонии соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва татбиқи “Барномаи фарогирии иқтисодӣ” дар самти дастгирии бекорон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути баланд бардоштани савияи касбият ва шуғли онҳо, мусоидат намудан ба воридшавии дубора ба бозори меҳнат ва таҳкими робитаҳо барои ҷалби онҳо ба ҷойҳои кории даромаднок ва фаъолияти мустақилона амалӣ карда мешавад, иборат мебошанд.

 

Дар идома, директори иҷроияи лоиҳа Бобохонзода С. дар бораи фаъолияти лоиҳа, татбиқи он, мушкилот, дурнамои минбаъда ва ҳамкориҳо бо сохторҳои марбутаи низоми Вазорат мавзӯи матраҳшавандаро рӯнамо намуд.

 

Дар рӯнамои худ Бобохонзода С. доир ба чигунагии амалишавии лоиҳа дар 19 шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ маълумот ва ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дод. Ҳамзамон, дар ҷаласа гузоришҳои директорони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир”, роҳбарони ташкилотҳои ёрирасон дар бораи пешбурди фаъолият ва ҳамкориҳои онҳо дар татбиқи лоиҳа шунида шуданд.

 

Дар анҷоми ҷаласа вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа барои тақвият бахшидани фаъолият, ҳамкориҳои байни сохторҳои низоми Вазорат ҷиҳати амалишавии саривақтии лоиҳа, ки дар соли 2026 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ татбиқ карда мешавад, барои омодагии ҳамаҷониба ба ҳозирин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 

23.12.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ