img
Иҷрои муқаррароти «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»

Мусаллам аст, ки коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад. Он барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.

 

Ин зуҳурот решаҳои хеле қадимӣ дошта, мутаассифона, он имрӯз мисли экстремизму терроризм ба мушкилоти глобалӣ табдил ёфтааст. Ҳанӯз дар аҳди бостон калимаи “коррупсия” ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод мегардид.

 

Он ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

 

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуда буд.

 

Ҷиҳати тақвияти шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани тамоми шаклҳои рафтори коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ кардани чунин амалҳо заминаҳои боэътимод низ фароҳам оварда шуданд.

 

Дар даврони истиқлол як қарор стратегияҳои миллӣ ва барномаҳои му қовимат бо коррупсия қабул карда шуд, ки дар онҳо чораҳои маҷмуии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангидоштаи вобаста ба муқовимат бо коррупсия пешбинӣ гардидаанд.

 

Умуман, коррупсия дар тамоми шаклҳои рафтори зиддиҳу қуқӣ эътироф гардидааст ва бесабаб нест, ки нисбат ба шахсони содиркунандаи чунин кирдор ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

 

Метавон гуфт, ки Тоҷикистон ба ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муқовимати самаранок ба ин зуҳурот то андозае муваффақ ҳам шудааст. Таъсиси ниҳоди махсусгардонидашуда - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия яке аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия мебошад, ки вазифаи он аз назорати истифодаи дуруст ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, амволи давлатӣ, таҳкими  қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, манфиатҳои давлат ва ҷомеа аст.

Мутаассифона, тавре мушоҳида мешавад, бо вуҷуди чораҳои андешидашуда, вазъи содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дар кишвар ҳанӯз ҳам масъалаи ташвишовар боқӣ мондааст. Дар мубориза ба муқобили коррупсия, гумон мекунем, саҳми аҳли ҷомеа метавонад хеле пурарзиш бошад. Ниҳодҳои ҷамъиятӣ низ метавонанд ба муқобили ин зуҳуроти нангину номатлуб ҷиддӣ мубориза баранд. Ҷиҳати ба вуҷуд овардани фазои умумии тоқатнопазирӣ нисбат ба зуҳуроти коррупсия, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии зиддикоррупсионии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, махсусан, дар байни ҷавонон ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ аҳамияти махсус дорад.

 

Чунин муносибат метавонад боиси боз ҳам баланд гардидани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон шуда, назари онҳоро нисбат ба коррупсия ҳамчун падидаи номатлуби ҷамъиятӣ ба куллӣ тағйир диҳад, то ки онҳо ҳуқуқу манфиатҳояшонро дар доираи қонунгузорӣ ҳимоя намоянд. Ба шаҳрвандон бояд нишонаҳои ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ, тарзу роҳҳои ҳуқуқии муқовимати мардум ба амалҳои коррупсионӣ фаҳмонида шавад.

 

Чуноне, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Дар ин раванд, тавассути барномаҳои фарҳангӣ бо роҳи нишон додани паҳлуҳои манфии кирдорҳои коррупсионӣ, оқибатҳои номатлуби иҷтимоиву иқтисодӣ, ахлоқиву маънавӣ, ҳуқуқӣ ва зиёни он ба саломатӣ метавон ба раванди мубориза ва муқовимат ба коррупсия таъсири мусбат расонд”.

 

Дар ҳамин раванд, ҷиҳати амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 фармоиши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2021, №95 Барномаи идоравии (соҳавии) зиддикоррупсионӣ барои соли 2021 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) таҳия ва тасдиқ гардида, мариди амал қарор дорад.

 

Инчунин, барои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар байни кормандони вазорат мунтазам корҳои фахмондадиҳӣ ва баргузор намудани вохӯрию муколамаҳои судманд дар якҷоягӣ бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

 

Дар маҷмуъ, вазорат доир ба иҷрои Нақшаи дохилиидоравӣ вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад бурд.

 

20.10.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ