Имрӯз, 23 июни соли равон мулоқоти маҷозии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ бо роҳбари ширкати атриёти “Jizan Perfumes LLC”-Дубай Маҳмуд Роҳпаймо баргузор гардид, ки дар он масъалаи ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба ширкати мазкур мавриди муҳокима қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки ширкати атриётӣ бо ширкатҳои маъруфи атриёти ҷаҳон ҳамкорӣ менамояд. Дар ширкати номбурда шаҳрвандони миллатҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикон кор мекунанд. Роҳбарияти ширкат аз фаъолияти тоҷикон қаноатманд буда, омодаи ҷалби бештари кормандон аз ҷумҳурии мо мебошад.
Айни замон тасмим гирифта шудааст, ки то 30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба сифати ёрдамчии фурӯшанда ва корманди анбор ба ширкати номбурда сафарбар карда шаванд. Яке аз талаботи асосӣ ин донистани забони англисӣ мебошад. Инчунин, зимни мулоқот тамоми масъалаҳо, аз ҷумла шарту шароити корӣ ва будубоши онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар фарҷом тасмим гирифта шуд, ки ҷиҳати сафарбар намудани довталабон ба Аморати Муттаҳидаи Араб байни ширкати мазкур ва МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад.