Рӯзи 15 январи соли равон 55 нафар шаҳрвандони тоҷику узбек кормандони дар корхонаи саноатии “Химпек”-и шаҳраки Шахтинскии вилояти Ростови Федератсияи Россия корпартои намуда, талабгори баланд намудани музди маош ва пардохти рухсатпулӣ шуданд. Бо мақсади муайян намудани ҳодисаи мазкур 16-17 январи соли ҷорӣ корманди Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия, роҳбари ҷамъияти тоҷикони Ростов “Ватан” А. Хоҷаев, ҳуқуқшиноси ҷамъият А. Бобоев ва муовини роҳбари ҷамъият Нарзиқулов Ш.Ҳ. ба ширкат сафарбар гардида, бо роҳбарияти корхонаи “Химпек”-и Ростов Владимир Шахтинский ва муҳоҷирони меҳнатӣ вохурӣ анҷом доданд.
Маълум гардид, ки даҳаи аввали моҳи январи соли ҷорӣ беш аз 50 нафар кормандон аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва узбек дар корхонаи саноатии “Химпек”-и шаҳраки Шахтинскии вилояти Ростов аз роҳбарияти корхона зиёд намудани музди меҳнатро талаб намуда, маслиҳати корпартоии оммавӣ кардаанд. Зимни мулоқот гурӯҳи корӣ аз шарту шароити зисту фаъолият шинос гардида, маълум кардаанд, ки корфармо тамоми уҳдадориҳои худро дар доираи шартномаи меҳнатии бо кормандон имзошуда иҷро карда, ба ягон ҳуқуқвайронкунӣ роҳ надодааст. Барои кормандон ҷойҳои кории мураттаб ва хобгоҳҳои озодаву таҷҳизонидашуда муҳайё намудааст.
Аммо таи рӯзҳои охир аз ҷониби якчанд нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қаблан дар Британияи Кабир ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буданд, миёни кормандони корхона иғво андохта шуда, баъзеҳоро ба доми фиреб, қисми дигари кормандонро маҷбурӣ ва бо роҳи тарс ба корпартоии оммавӣ маҷбур сохтаанд. Ба иттилои бархе аз шаҳрвандонамон, ки шоҳиди ҳодисаи мазкур буданд, фитнаангезон ҳамарӯза дар байни кормандон оид ба муқоисаи вазъи кории Россия назар ба Британияи Кабир, паст будани маош ва шарту шароити корӣ ва тариқи корпартоӣ талаб намудани зиёдкунии музди маош, пардохт гардидани рухсатиҳо ва беҳтар намудани шароити корӣ даъват менамуданд.
Дар натиҷа рӯзи 15 январи соли равон 55 нафар шаҳрвандони тоҷику узбек ба эътироз баромада, талабгори баланд намудани музди маош ва пардохти рухсатпулӣ шуданд, ҳол он, ки соли 2023 музди маоши кормандон дар ҳудуди 15% зиёд гардида, 80-85 ҳазор рублро (муодил ба 955 долл. ИМА) ташкил медиҳад. Худи ҳамон рӯз корфармо шартҳои гузошташудаи иғвоангезонро қабул накарда, дар якҷоягӣ бо шахсони норозӣ маоши ниммоҳаи моҳи январи соли 2024- ро пардохт намуда, аз кор озод кардааст.
Пас аз озод гардидан 35 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бе ҷойи кор, зист, хӯрок ва макони номнавишти муҳоҷиратӣ монданд, аз амали кардаи худ пушаймон гардида, бо ваъдаи дубора такрор накардани чунин амал, 25 нафар ба кор қабул карда шуданд. Атрофи ҳодисаи мазкур дар сомонаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёд идома дошта, ба корфармоён ҷиҳати андешакунӣ пеш аз ба кор ҷалб намудани шаҳрвандони Тоҷикистон таклиф ба амал меоранд.
Қобили зикр аст, ки ширкати “Химпек” бузургтарин истеҳсолкунандаи зарфҳо ва борхалтаҳо барои боркашонӣ, таъминкунадаи ашёи хоми кимиёвӣ, металлургӣ, шиша, сафол, сохтмон ва дигар соҳаҳо мебошад.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушиш ба харҷ медиҳад, ки баҳри бартараф намудани камбудӣ ва мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ аз имкониятҳои ҷойдошта истифода намуда, саривақт ба онҳо кумак расонад. Ҳодисаи мазкур таҳти назорат қарор дорад.