Имрӯз, 13 июли соли равон дар Маркази илмӣ-таълимии демографии Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Маҳмадуллозода Н.Р. ҷаласаи Шурои илмии Пажӯҳишгоҳ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи Шуро натиҷаҳои фаъолияти Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» дар нимсолаи якуми соли 2022, ҳисоботи илмии фосилавӣ дар мавзуи «Асосҳои иҷтимоӣ-меҳнатии таъмини шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2022, Нақшаи кории Пажӯҳишгоҳ барои нимсолаи дуюми соли 2022 ва омодагӣ барои баргузор намудани «Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Ҷанбаҳои консептуалӣ ва асосҳои назариявӣ-методологии ташаккулёбии шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки МД «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» дар нимсолаи аввали соли 2022 фаъолияти худро дар доираи уҳдадориҳои низомномавӣ ва иҷрои саривақтии супоришҳои роҳбарияти вазорат ба роҳ монда, ба натиҷаҳои зарурӣ ноил гардидааст. Аз ҷумла, дар ин давра дар заминаи ҳисоботҳои илмии кормандони Пажӯҳишгоҳ монографияи коллективӣ дар ҳаҷми 306 саҳифа омода ва ба табъ расид.
Дар ин муддат аз ҷониби олимону ходимони Пажӯҳишгоҳ доир ба масъалаҳои рӯзмарраи соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ як қатор пажӯҳишҳо гузаронида, натиҷаҳои онҳоро барои татбиқ дар амалия манзур намуданд.
Бо мақсади муайян намудани тамоили равандҳои муҳоҷират, вазъи бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз ҷониби Пажӯҳишгоҳ дар ҳамдастӣ бо шарикони рушд як қатор тадқиқотҳои сотсиологӣ ва пурсишҳо гузаронида шуданд. Татқиқотҳои мазкур масъалаҳои “Таъмини шуғлнокии шахсони имконияташон маҳдуд”, “Авлавиятҳои демографии ҷавонон”, “Муайян намудани баҳогузории ҳайат ва сохтори минималии сабати исеъмолӣ барои қонеъ намудани талаботҳои гуногуни гурӯҳҳои иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои оилаҳои муҳоҷирон барои беҳтар намудани натиҷаҳои муҳоҷират дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, «Ташаккули асосҳои методӣ ва методологии тадқиқоти проблемаҳои таълими касбӣ-техникӣ ва таълими коргарон дар шароити шуғли пурмаҳсул», «Омӯзиши мутобиқати сатҳи дониши касбии хатмкунандагони литсейҳо, мактабҳои миёна ва марказҳои омӯзиши калонсолон, ба талаботҳои муосири корфармоёни ватанӣ ва бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро фаро мегирад.
Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ олимону ходимони муассиса дар кори 44 конференсияҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳо, маҷлисҳои гурӯҳҳои корӣ ва дигар машваратҳои илмӣ иштирок ва баромад намуда, аз ҷониби онҳо 23 мақолаҳои илмӣ дар мавзуъҳои гуногуни соҳа ба табъ расонида шуданд.
Дар хотимаи ҷаласа аз ҷониби муовини вазир Маҳмадуллозода Н.Р. ба ҳаллу фасли масоили ташкилии фаъолияти Пажӯҳишгоҳ, рушди илми соҳавӣ, омодасозии кадрҳои соҳа, ҷалби олимони ҷавон ва дастгирии ташаббусҳои навоварона дар ин самт таъкид гардид.