img
«ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ КОНСЕПСИЯИ НАВИ РУШДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ БА ҲИСОБ МЕРАВАД»

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Консепсияи  нави рушди  инсонӣ  ба ҳисоб меравад, ки тавассути татбиқи соҳибистиқлолӣ бояд амалӣ гардад. Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  диди хеле амиқу санҷидашуда ҳамаи паҳлуҳои  ҳаёти имрўзаи  ҷомеаи мо ва дурнамои  самтҳои инкишофи  ҳаматарафаи Тоҷикистон  барои солҳои минбаъда баррасӣ гардидааст. Чунин изҳори назар намудааст ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.


Мутолиа ва дарки муносиби муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шаҳрванди мамлакатро бовар мекунонад, ки соли  2023 барои давлати мо соли бобарору пур аз дастовардҳои миллӣ  буд. Ин аст, ки Президенти мамлакат изҳор намуданд, ки  «соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он–хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди мамлакат боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд».


Албатта, муқоисаи рақамҳои оморие, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нишон додани суръати рушди иқтисодиёт ва пешравии  ҳамаҷонибаи  Тоҷикистон  оварда шудаанд, дар дилу дидаи ҳар фарди ин диёр ҳисси баланди соҳибистиқлолию масъулиятнокии миллиро ҷой медиҳад.


Бояд тазаккур дод, ки дар даврони истиқлол бо роҳбаладӣ ва ҳидоятҳои   Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  самти рушди соҳибистиқлолӣ мардуми мо таҷрибаву малакаи зарурӣ андӯхт. Ҳамзамон таҳлилҳои илмӣ  нишон медиҳанд, ки  маҳаки асосии  пешрафти  Тоҷикистон- ин нақши падидаи соҳибистиқлолӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ мебошад.
Аз ин рӯ, барои мақому мартабаи  давлати миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва боз ҳам баланд  бардоштани обрӯву нуфузи давлатамон   дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар зарурати баланд бардоштани сифати рушди захираҳои инсонӣ тавассути татбиқи  соҳибистиқлолӣ баррасӣ гардидааст. Албатта,  ҳикмати   Истиқлол,  фалсафаи Истиқлол барои  дарк намудани дигар ҷабҳаҳои ҳаёти  имрўзаи мо хусусияти муҳим дорад. Аммо барои тасдиқи ин гуфтаҳо  ҷолиби таваҷҷуҳ он аст, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарзи махсус, пайгирона мақому манзалати  соҳибистиқлолӣ барои мардуми мо таъкид гардидааст.


Мавриди тазаккур аст, ки озодӣ ва соҳибистиқлолии  миллӣ  дар замони муосир бузургтарин дастоварди миллати тоҷик  ба шумор рафта,  тамоми   дигар комёбиҳои нави   мо маҳз аз ҳамин  вобастагӣ доранд. Ин аст, ки  Президенти мамлакат дар шарҳи нуктаҳои асосии  Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  дастовардҳои  замони соҳибистиқлолӣ такя намуда, чунин ибрози андеша намудаанд: «Дар солҳои истиқлоли давлатӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар мамлакат беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шавад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд. Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат 2 баробар зиёд шуда, аз 5,3 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10,2 миллион нафар дар соли 2023 расид». Ин дастовардҳо, албатта, маҳсули меҳнати мардуми Тоҷикистон ва муносибати аҳлонаи онҳо  нисбат ба  рушди  давлатдории  миллӣ  мебошад.
Аз ин бармеояд, ки Истиқлол,  озодии  иродаи миллӣ, қудратмандӣ  яке аз рукнҳои  асосии  ҳастии  ҳар давлати мустақил ба шумор мераванд. Аммо дар ҷаҳони муосир вобаста ба таҳаввулоти  муносибатҳои байналмилалӣ ва вазъи ҷаҳони муосир мазмуну мундариҷаи истиқлол ранги дигар гирифта истодааст. Вобаста  ба ин барои шаҳрвандони мамлакат имрўз озодӣ ва Истиқлол арзишмандтарин  дастовардҳое мебошанд, ки аз ҳама зиёдтар ниёз ба ҳимоя доранд.


Аз таҳлили  илмии  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки инсони  озод, мустақил  на танҳо касе аст, ки андешаи озоду солим дорад, балки ў бояд нафаре бошад, ки  арзиши озодиро  дар  татбиқи  амалии  истиқлол  ва  ҳифзи он  амалӣ намуда тавонад. Ирода ва  тафаккури озод маҳсули таҷрибаи  зиндагӣ, таълиму тарбия ва дар баъзе ҳолатҳо, шояд  хусусияти модарзодӣ ҳам дошта бошанд. Аммо озодии инсонро  танҳо  бо роҳи   фаъолияти  ҷамъиятӣ, озодии ирода, шуҷоатмандӣ ва дўст доштани Ватан ба даст овардан мумкин аст, ки муҳтавои он дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле ҷолиб дарҷ гардидааст.


Яъне, истиқлоли сиёсӣ дар баробари дигар равандҳои ҷомеа ниёз ба ваҳдати миллӣ ва амнияти дохилию хориҷӣ дорад. Чуноне ки Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, «ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳарвақти дигар бо сабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди давлати  соҳибихтиёрамон равона созем… Бо итминон изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо кору фаъолияти аҳлона Ватани азизамонро, хусусан, то ҷашни бузурги миллӣ– 35-солагии истиқлоли давлатӣ ободу зебо месозем, давлати соҳибистиқлоламонро пешрафта мегардонем ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем». Аз ин рў, мояи  ифтихору эҳтиром  аст, ки дар соли сипаришуда аксари дастовардҳо тавассути татбиқи  соҳибистиқлолӣ, сулҳу салоҳ  амалӣ гардида, дар арсаи байналмилалӣ ба имиҷи  давлати мо  таъсири мусбат расониданд.
Ҳамин тавр, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» масъалаҳои  ҳифзи  истиқлоли  сиёсӣ, пойдории ваҳдату субот, таъмини амнияту неруи мудофиавии мамлакатамон чун дастурҳои мушаххасе пешниҳод шудаанд, ки барои  имрўзу ояндаи  таҳкими давлатдории миллӣ муҳимияти махсус доранд.


Мавриди тазаккур аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун барномаи стратегии миёнамуҳлату  дарозмуддати рушди  Тоҷикистон ва некуаҳволии миллатамон пазируфта шуда,  амалӣ  гардидани  супоришу  ҳидоятҳои Сарвари  давлат масири нави  рушду саодатмандии мардуми моро дар арсаи байналмилалӣ  возеҳу равшан менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

 

Пайванд.

10.01.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ