(Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин)
Дар шароити имрӯза вобаста ба пешравии илмӣ-техникӣ омӯхтани илму дониш ва аз худ кардани касбу ҳунарҳои миллию муосир зарур буда, барои дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ рақобатпазир будани мутахассисон ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мусоидат менамояд. Воқеан ҳам, имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои омӯхтани илму дониш, техникаву технологияи муосир ва касбу ҳунарҳои миллию муосир тамоми шароитҳо муҳайё карда шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Қобили қайд аст, ки саросар соҳибкасб намудани шаҳрвандони мамлакат дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани ҷавонон, яке аз вазифаҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад.
Зимнан бо ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар таъкид доштанд, ки “...ояндаи Тоҷикистон маҳз аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад. Ҷавонон бояд дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунанд, рафтору кирдорашонро ба манфиати худ, оила, давлат ва ҷомеа ба роҳ монда, бо истифода аз фазои сулҳу оромии кишвар ва имкониятҳои фароҳамовардаи давлат ба касбомӯзӣ ва аз худ намудани илму дониш машғул шаванд”.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат ба тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, имрӯзҳо шаҳрвандони мамлакат, бахусус ҷавонон метавонанд дар муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти калонсолон, ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ садҳо касбу ихтисосҳои муосири ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ ҷавобгӯйро омӯхта, дар рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ саҳм гузоранд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳарчӣ бештар ҷалб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои миллию муосир ва бо шуғли муносиб, арзанда ва пурмаҳсул таъмин намудани онҳо ба раҳонидани ҷомеа аз буҳрони иқтисодӣ ва таҳкими заминаҳои иҷтимоию маънавӣ мусоидат намуда, ба раванди рушди сиёсати иҷтимоии давлат суръат мебахшад.
Маҳз бо назардошти муҳиммияти ин масъала, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин чунин таъкид намуданд: “Ба кулли мардуми Тоҷикистон мегӯям: вақте, ки мову шумо фарзандро ба дунё меорем, яке аз вазифаҳои муқаддаси падару модар тарбия кардани фарзанд аст. Яъне чӣ? Мо бояд босавод кунем, бо одобу ахлоқи ҳамида тарбия кунем, касбу ҳунар гиранд, илм омӯзанд, забон омӯзанд. Вақте фарзанд бесавод мемонад, бе касб мемонад, бе ҳунар мемонад, дар қади кӯча кораш гадоӣ мешавад ё ҷиноят содир мекунад ё маводи мухаддир истеъмол мекунад, яъне дар зиндагӣ доимо азият мекашанд. Вазифаи мову шумо он аст, ки онҳоро тарбия кунем, соҳиби касбу ҳунар гардонем, илм омӯзонем, ки баъди сари мову шумо онҳо зиндагии мустақилонаи худашонро пеш бурда тавонанд”.
Албатта, дар вазъияти мураккаби фазои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо мебояд, ки ба таълиму тарбияи фарзандон ва омӯхтану аз худ кардани касбу ҳунарҳои миллию муосир аз ҷониби онҳо диққати аввалиндараҷа дода, барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои фарҳангӣ сайъу талош намоем. Муссалам аст, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои омода намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат ва саросар соҳибкасб намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ пайваста чораҳои зарурӣ андешида шуда, тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ карда мешаванд, аз ҷумла давоми солҳои 2021-2022, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат" дар таҳрири нав қабул гардида, бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Таснифоти миллии тахассусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Тартиби таъмини сифати тахассусҳо ва тасдиқкунии тахассусҳо", "Тартиби таҳия ва эътирофи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб", “Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба тасвиб расидааст.
Дар доираи амалисозии нақшаи чорабиниҳои барномаҳои зикршуда, давоми солҳои мадди назар зиёда аз 1 млн нафар шаҳрванди мамлакат ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуда, малакаи касбии 3 ҳазор нафар ҳунарманд ба расмият (валидатсия) дароварда мешавад. Ҳамчунин барои дастрасии шаҳрвандон ба таҳсилоти касбӣ филиалҳои Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис дода шуда, курсҳои сайёри касбу ҳунаромӯзӣ дар деҳоти дурдаст ташкил карда мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, соҳибкасб будани шахсиятҳои маъруфи олами ислом, аз ҷумла паёмбарон ва бо меҳнати ҳалол нон хӯрданро таъкид намуда қайд карданд, ки “Дар марҳалаҳои муайяни таърихӣ сӯйистифода аз дин ва арзишҳои динӣ аз ҷониби қишри руҳоният боис гардидааст, ки дар зеҳни мардум доир ба мақому шахсияти онҳо тасаввури ғалат пайдо гардад.
Дар натиҷа баъзеҳо мулло ё ходими дин буданро касб медонанд ва чунин ашхос муллогии худро ҳамчун василаи рӯзгузаронӣ истифода мекунанд. Бояд гуфт, ки муллогӣ касб набуда, балки хизмати холисона дар роҳи Худо барои мардум, яъне ба хотири савоб гирифтан аст. Дар як ҳадиси саҳеҳ таъкид шудааст, ки «Беҳтарин чизе, ки шахс мехӯрад, аз меҳнати дасташ аст». Аз Бобои Одам – Деҳқон то Паёмбари мо Ҳазрати Муҳаммад, ҳама паёмбарон касбу коре (чӯпонӣ, дӯзандагӣ, тоҷирӣ) доштаанд. Ҳазрати Нӯҳ устои дуредгар, Идрис – дӯзанда, Солеҳ – тоҷир, Довуд – оҳангар, Сулаймон сабадбоф буда, ризқу рӯзии худро аз заҳмати ҳалол ёфтаанд. Бо заҳмати ҳалол нон хӯрдану аз ҳосили заҳмати ҳалол садақоту хайрот намудан ҷавҳари таълимоти динҳои ҷаҳонӣ ва ислом мебошад”.
Сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳад, ки гузаштагони мо дар тамоми марҳалаҳои таърихӣ барои омӯзиши фарзандон ва фаро гирифтани онҳо ба таълиму тарбия, аз ҳама имкониятҳо истифода бурда, ҷиҳати ба илму донишомӯзӣ ва касбомӯзӣ ҷалб кардан ва ба зиндагии мустақилона омода намудани онҳо пайваста талош менамуданд. Ҳамчунин ба тарбияи ватандӯстӣ, меҳнатӣ ва ҷисмонии фарзандон диққати аввалиндараҷа медоданд. Муҳимтарин ҳадафҳои омӯзишро, ки барои таҳкими манбаъҳои иҷтимоӣ дар осори ниёгони мо дарҷ шудааст, метавон ба якчанд қисмҳо, аз ҷумла динӣ ва ахлоқӣ (имон, тазкияи нафс, виҷдон-пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек), нерумандӣ ва беҳдошт (ҷавонмардӣ, ростӣ, поктанӣ, тандурустӣ), иқтисодӣ (кишоварзӣ, обёрӣ, бозаргонӣ ва шуғлварзӣ), сиёсӣ (равобити умумӣ-амният ва кишвардорӣ, равобити хориҷӣ- дӯстӣ бо ҳамсоягон), ҷангӣ (нигоҳдории марзу бум, ҳифзи оромӣ ва дифоъ дар баробари душманон) хулоса кард.
Омӯзиши анъана ва суннатҳои таълимию тарбиявӣ дар осори ниёгони мо нишон медиҳад, ки пайдоиши касбу ҳунарҳо аз давраи пайдоиши инсон сарчашма гирифта, инсонҳо дар тамоми марҳалаҳои таърихӣ, барои беҳбуд бахшидани зиндагии худ заҳмат кашида, барои пеш бурдани рӯзгори хеш ва ҳал кардани масъалаю мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ касбу ҳунарҳои гуногунро меомӯзанд. Яъне, омӯхтану аз худ кардани касбу ҳунар дар ҳама марҳалаҳои таърихӣ асоси пешрафти ҷомеаи инсонӣ маҳсуб ёфта, барои таъмини баробарии иҷтимоӣ ва зиндагии шоистаи мардум равона карда шудааст. Бо пешравии илмӣ-техникӣ ва хусусиятҳои меҳнати инсон дар ҷомеаи муосир касбҳо гуруҳбандӣ шуда, ба ихтисосҳо ҷудо карда шудаанд. Дар ин раванд, барои интихоби дурусти касб, роҳнамоии касбӣ ҷойгоҳи хоса дошта, лозим аст, ки дар байни наврасону ҷавонон ташкил ва баргузории чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ тақвият дода шуда, доир ба касбҳои лозимӣ, куҳнашуда ва муосир ба наврасону ҷавонон маълумоти муфассал дода шавад.
Дар замони муосир новобаста аз шакл ва намуди идоракунии давлат, маҳз омӯхтани донишҳои замонавӣ, аз худ намудани касбу ҳунар, рӯй овардан ба илм ва тарбияи кадрҳо метавонад ба рушди соҳаҳои мухталифи кишвар замина гузошта, ба болоравии иқтисоди миллӣ мусоидат намояд. Вобаста ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин иброз доштанд, ки “Таҷрибаи беш аз сивудусолаи ҳамкориҳои мо бо кишварҳои олами ислом, бахусус, кишварҳои арабӣ нишон медиҳад, ки рӯй овардан ба илм, омӯзиш ва рушди илмҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ, истифодаи дастовардҳои пешқадами илмӣ ва татбиқи технологияҳои муосир онҳоро ба тараққиёти бесобиқа расонида, боиси аз байн рафтани фаҳмишҳои шахшуда ва куҳна гардида истодааст.
Онҳо хуб дарк кардаанд, ки омили наҷотбахши инсоният танҳо илм ва рӯ ба илмомӯзӣ овардани насли ҷавони кишвар аст. Ба ин хотир, аз ҳама имкониятҳо истифода карда, ҷавононро ба илму омӯзиш ҳидоят намуда, зиндагии босаодати сокинонашонро таъмин карда истодаанд. Мо бояд хонем, илм омӯзем, илмҳои дақиқу риёзиро рушд диҳем, техникаву технологияҳои навтаринро аз худ кунем, кадр тарбия кунем ва заҳмат кашем, то зиндагии имрӯзаамон нисбат ба дирӯз ва фардоямон нисбат ба имрӯз беҳтар гардад. Пас биёед, фарзандонамонро тарбия намоем, илм омӯзонем, китобхон кунем ва соҳибкасб гардонем, ки дар зиндагии ояндаи худ азият накашанд, роҳгум назананд, дастёр ва ғамхори падару модар бошанд”.
Ҳоло барои ба таҳсилоти касбӣ фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат, бахусус ҷавонон дар ҷумҳурӣ 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият доранд. Инчунин дар назди 18 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон бо 38 филиал ва 221 марказҳои таълимии ғайридавлатӣ курсҳои кутоҳмуддати касбу ҳунаромӯзӣ ба роҳ монда шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд дар ин курсҳо касбу ҳунарҳои миллию муосирро омӯхта, соҳибкасб гарданд. Қобили қайд аст, ки танҳо дар соли 2023, тавассути курсҳои кутоҳмуддати касбомӯзии назди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти калонсолон, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва марказҳои таълимии ғайридавлатӣ 217 ҳазору 969 нафар шаҳрванди мамлакат, бахусус, ҷавонон соҳибкасб гардиданд. Дар ҷомеаи муосир, бо шуғли муносиб фарогирии аҳолӣ, хусусан ҷавонон яке аз воситаҳои асосии бадастоварии баробарии иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ин замина тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи меҳнатдӯстӣ ва фарогирии ҳарчӣ бештари онҳо ба шуғли пурмаҳсул, ба мақсад мувофиқ дониста мешавад.
Дар ҷумҳурӣ шумораи аҳолии қобили меҳнат 5 млн. 804,7 ҳазор нафар, аз ҷумла ҷавонони синни 15 - 29 сола, ки қобили меҳнат ҳисобида мешаванд, 2 млн 155,1 ҳазор нафар ё 37,4 фоизи захираҳои меҳнатиро ( 5 млн 754,0 ҳазор нафар) ташкил медиҳанд. Аз ин хотир, фароҳам овардани шароит барои мусоидат ба шуѓли ҷавонон ва ҷалби онҳо ба шуғли пурмаҳсул яке аз афзалиятҳои асосӣ дар сиёсати иҷтимоии кишвар мебошад. Давоми соли 2023 дар доираи амалисозии нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 44,7 ҳазор нафар ҷавон бо ҷойи кор таъмин шуда, 11,7 ҳазор нафар ба тайёрии касбӣ ҷалб гардида, 8,7 ҳазор нафар аз хизматрасониҳои роҳнамоии касбӣ истифода бурданд.
Дар баробари ин, 2,1 ҳазор нафар ҷавони бекор ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар карда шуда, бо ин мақсад 638,7 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Барномаи зикршуда, хароҷот гардид. Моҳи августи соли сипаришуда бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи миёнамуҳлати рушди шуѓли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ба тасвиб расид, ки бешак барои баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат ва таъмини ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меорад. Метавон хулоса кард, ки дар ҷомеаи имрӯза, роҳи ягонаи пешрафту тараққиёт ва расидан ба зиндагии шоиста, ин омӯхтани илму дониш, техникаю технологияи муосир ва аз худ кардани касбу ҳунар ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, ҷавононро мебояд, ки ҳарчӣ бештар ба омӯхтани илму дониш ва аз худ кардани касбу ҳунар машғул шуда, барои таҳким ва рушди давлатдории миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ва таъмини амнияти миллӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Муовини вазири меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Ализода Алишер Ҳикматулло