img
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ бо ноиби президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба сиёсат ва шарикӣ Марк Боуман

Имрӯз, 7 июни соли равон вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ бо ноиби президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба сиёсат ва шарикӣ Марк Боуман мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот дарҷ гардид, ки дар асоси Ёддошти тафоҳуми баимзорасида миёни Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва вазоратҳои нақлиёт, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таъмини баробарии гендерӣ дар қонунгузории нақлиёт ва меҳнат як қатор масъалаҳо, аз ҷумла мусоидат ба шуғл ва тақвияти малакаҳои занону духтарон дар соҳаи нақлиёт баррасӣ шуда истодаанд.

Дар фарҷом тарафҳо оид ба тақвияти ҳамкории минбаъда ва самаранок татбиқ намудани лоиҳаи мазкур ба мувофиқа расиданд .

 

09.06.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ