img
НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

Имрӯз 26 июли соли равон тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2022 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар он Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, муовинони вазир, сардорони хадамот ва агентӣ, 24 нафар намояндаи васоити ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд, ки ба онҳо варақаи иттилоотӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дастрас карда шуд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ш. бо назардошти дастрас шудани маълумоти васеъ дар варақаҳои иттилоотӣ баъзе аз нуктаҳои асосӣ аз натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли равонро зикр намуда, сипас саволу ҷавоб сурат гирифт.

Зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби 24 нафар рӯзноманигор 18 савол доир ба касбомӯзии гурезаҳо аз Афғонистон, гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳадафҳои қабули Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, раванди таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва андозаи музди меҳнат, дастовардҳо дар такмили омори самтҳои фаъолият, эътирофи шаҳодатномаҳои хатми курсҳои кӯтоҳмуддат дар Федератсияи Россия, барномаҳои таҳияшуда бо назардошти бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватан, интиқоли қувваи корӣ ба давлатҳои Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Корея пешниҳод гардид, ки посухҳои мушаххас дода шуданд.

Қайд гардид, ки дар ин давра ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳа ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ ва танзими фаъолият 14 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, аз ин шумора 3 лоиҳа ба тасвиб расида, 1 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 лоиҳа дар мувофиқаи вазорату идораҳо ва 3 лоиҳа дар марҳилаи таҳия қарор доранд.

Ба ҳолати 1 июни соли 2022 музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ 1647,3 сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 154,8 сомонӣ (10,4 фоиз) ва нисбат ба аввали соли равон 106,5 сомонӣ (6,5 фоиз) зиёд шудааст.

Музди миёнаи меҳнат дар ВМКБ 1487,9 сомонӣ, вилояти Суғд 1548,4 сомонӣ, вилояти Хатлон 1218,6 сомонӣ, шаҳри Душанбе 2402,7 сомонӣ ва дар ШНТҶ 1338,1 сомонӣ ба қайд гирифта шуда, мутаносибан дар ВМКБ 90,0 фоиз, вилояти Суғд 94,0 фоиз, вилояти Хатлон 74,0 фоиз, шаҳри Душанбе 145,8 фоиз ва ШНТҶ 81,2 фоизи музди миёнаи меҳнати ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Бо мақсади таҳкими низоми музди меҳнат ва афзоиши даромадҳои аҳолӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 январи соли 2022, №312 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” ба имзо расида, чиҳати дар амал татбиқ намудани фармони мазкур аз ҷониби мутахассисони вазорат тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаҳои фарҳанг, маориф ва илм, тандурустӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва ғайра бо назардошти баландшавии музди меҳнат бозбинӣ гардиданд.

Ба ҳолати 1 июни соли 2022 дар ҷумҳурӣ 31366 корхона, муассиса ва ташкилот, новобаста аз шакли моликият, фаъол буда, аз инҳо 19375 адад ҳуқуқи ба имзо расонидани шартномаҳои коллективиро доранд, ки аз ин шумора 16952 адад бо шартнома ва созишнома фаро гирифта шудаанд, ки 87,5 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра бо мақсади самаранок татбиқ намудани Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 дар самти мустаҳкам намудани муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ оид ба пардохти саривақтии музди меҳнат, таъмини шароити бехатар ва безарари меҳнат, кафолатҳои иҷтимоӣ, суғуртаи иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои кормандон ва дар ин замина инкишоф ёфтани низоми шарикии иҷтимоӣ корҳои амалӣ роҳандозӣ гардиданд.

Бо мақсади таъмини назорати давлатӣ ва санҷиши риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тайи давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вазорат тибқи нақшаи корӣ фаъолияти 1072 субъекти хоҷагидор мавриди санҷиш қарор гирифт, ки дар натиҷа 5058 қонунвайронкунӣ ошкор гардид, ки 3781 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 914 ҳолат ба масъалаҳои ташхиси шароити меҳнат, 55 ҳолат ба масъалаҳои муҳоҷират ва 308 ҳолат ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ тааллуқ дошта, аз шумораи умумии қонунвайронкуниҳо 1444 адад ба ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ ва 3614 адад ба ташкилоту муассисаҳои давлатӣ рабт дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақомоти дахлдори давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон идома ва тақвият ёфтанд. Аз ҷумла, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар доираи ҷаласаи кории Комиссия оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки 15 феврали соли 2022 ва ҷаласаи 26-уми Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳо - аъзои ИДМ, ки 18 феврали соли ҷорӣ тариқи маҷозӣ баргузор гардиданд, мавриди муҳокима қарор дода шуда, протоколҳои дахлдор қабул гардиданд.

Илова бар  ин, дар доираи Форуми байналмилалии меҳнат, ки рӯзҳои 15-18 марти соли 2022 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Росия баргузор гардид, масъалаи танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, сари вақт пардохт намудани музди меҳнати онҳо, кафолатҳои ҳуқуқии онҳо дар раванди фаъолияти меҳнатӣ, муташаккилона сафарбар намудани қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷумҳурӣ 322068 нафар шаҳрванди кишварамон ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуда, аз ин шумора 264617 нафар мард ва 57451 нафар зан мебошанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 маротиба зиёд шудааст.

Дар ин давра аз хориҷи кишвар 240 596 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба Ватан бозгаштанд, аз ин 194 395 нафар мард ва 46 201 нафар зан мебошанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,5 маротиба зиёд мебошанд.

Тибқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британия Кабир ва Ирландияи Шимолӣ байни МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» ва ширкати «Pro-Forcе»-и Британияи Кабир бо мақсади интиқоли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои мавсимӣ дар гармхонаҳои Британияи Кабир шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба Британияи Кабир марҳила ба марҳила идома дорад. То имрўз 126 нафар тавассути низоми TLC раводид гирифта, ба ин кишвар сафарбар гардиданд ва барои 200 нафари дигар нтизори гирифтани раводид мебошанд.

Инчунин, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 5 то 11 апрели соли равон бо мақсади ҷалб намудани кормандони мавсимӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музофотҳои гуногуни Ҷумҳурии Корея ба шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея сафари корӣ анҷом дод. Дар доираи сафари мазкур бо як қатор роҳбарони ин кишвар дар доираи сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯриву мулоқотҳо баргузор гардид. Дар ин самт, аз ҷониби МД «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Душанбе» омодагӣ ва ба рӯйхатгирии хоҳишмандон ба роҳ монда шуда, кор идома дорад.

Инчунин, бо назардошти мувофиқаи бадастомада аз натиҷаи сафар  бо мақсади омодасозии қувваи корӣ қабл аз сафар ва омӯзиши забони кореягӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум байни Маркази Ҷоллабук-до оид ба масъалаҳои байналмилалӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Ёддошти тафоҳум байни Маркази Ҷоллабук-до оид ба масъалаҳои байналмилалӣ ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода ба имзо расид (тибқи иттилои Сафорати ҶТ дар Корея санадҳои имзошуда рўзҳои наздик тариқи роҳҳои дипломатӣ ба Тоҷикистон ирсол карда мешаванд). 

Дар нимсолаи якуми соли равон ба намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират 4780 муроҷиату дархости муҳоҷирони меҳнатӣ ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар натиҷа бо дахолати Намояндагӣ 5 млн. 869 ҳазору 700 рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони кишварамон аз тарафи корфармоён баргардонида шуда, 4 қарори судҳои ноҳиявӣ нисбати шаҳрвандони мо бо қарорҳои судҳои болоии Федератсияи Россия бекор карда шуданд. Инчунин, бо мусоидати Намояндагӣ зиёда аз 1430 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ бо ҷойи кори доимӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия таъмин гардиданд.

Дар ин давра тибқи нақшаҳои тасдиқгардида дар ҷумҳурӣ 141 хоҷагӣ муҳоҷирони экологӣ ва 57 хоҷагии муҳоҷирони дохилӣ бо қитъаҳои замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин гардиданд.

Тайи давраи ҳисоботӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 74745 нафар муроҷиат намуданд, ки 54309 нафари онҳо ҳамчун корҷў ба қайд гирифта шуда, ба 32409 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд.

Дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2020 - 2022, дар маҷмуъ, 36410 нафар аз ҷумла, дар ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 4031 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ 1613 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардида, дар асоси 144 шартномаи тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 3947 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 11365 нафар тибқи роҳхатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар марказҳои таълими касбии системаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омўзиши касбӣ фаро гирифта шуданд.

Дар ин давра тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маҷмуъ, 426 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод аз ҷумла, дар ВМКБ - 33, вилояти Хатлон -171, вилояти Суғд -129, шаҳри Душанбе -18 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 75 адад ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ин ярмаркаҳо 4861 корхонаю муассиса иштирок намуда, аз ҷониби онҳо 75237 ҷойи кори холӣ пешниҳод гардид. Дар натиҷаи баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ 6603 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта, аз ин шумора 4144 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд, ки ба ҳар як ярмарка 9,7 нафар рост меояд.

Ҳамзамон, тавассути ярмаркаҳо ба 4095 нафар шаҳрванд роҳхат барои касбомўзӣ дода шуда, 1132 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар карда шуданд ва дар маҷмуъ, 9371 нафар шаҳрванд ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар муассисаҳои таълимии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта 36641 нафар ба курсҳои кутоҳмуддати тайёрии касбӣ ва Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия ҷалб гардиданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 аз ҷониби  мақомоти  меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 89658 нафар шаҳрванд хизматрасонии иҷтимоӣ анҷом дода шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои барнома ба андозаи 62,2 фоиз таъмин гардид.

Таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти вазорат зикр гардида,  таъкид шуд, ки ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои коргарии баландихтисоси ҷавобгўй ба талаботи бозори меҳнат ва бо ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодиёти кишвар ҳамоҳанг намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пайваста чораҳои муассир андешида мешаванд.

Бо ин мақсад бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2021, №АП-52 аз ҳисоби аъзои ҳукумат, вакилони парламент, роҳбарони сохтору мақомоти марказӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҳамчун сарпарастон тасдиқ гардида, бо фармоиши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2021, №60 муовини якум ва муовинони вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста карда шуданд.

Соли таҳсили 2021-2022 дар муассисаҳои давлатии таълимии литсейҳои касбии техникии системаи вазорат 20757 хонанда, аз ҷумла               18 ҳазору 853 нафар (91 %) дар гурўҳҳои буҷавӣ ва 1904 нафар (9%) дар гурўҳҳои шартномавӣ таҳсил намуданд, ки аз ин 4052 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.

Ба ҳолати 1 июни соли 2022 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 154 нафар (62 духтар) хонандаи маъюб, 91 хонандаи (20 духтар) ятими кулл ва 1142 нафар (381 духтар) нимятим таҳсил карда истодаанд, ки ҳифзи иҷтимоии онҳо таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти вазорат ва муассисаҳои таълимӣ қарор дорад.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» аз рўйи ихтисосҳои кафшергари барқӣ ва дўзанда баргузор шуда, ғолибон бо дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи Бонки Осиёии Рушд «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омўзиш» 41 380 адад китоб, аз ҷумла, 26240 адад китобҳои дарсии фанҳои умумитаълимӣ, 10100 адад китобҳои дарсии фанҳои тахассусӣ ва 5040 адад китобҳои бадеӣ дастраси вазорат карда шуд, ки оғози соли таҳсили 2022-2023 ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ тақсим карда мешаванд.

Дар самти ҳунармандӣ ҳамкории «Марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир» бо ташкилотҳои ҷамъиятии «Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон” ва «Рушди эҷодии Тоҷикистон» тақвият дода шуда, дар нимсолаи якуми соли равон дар заминаи ин марказҳо 4051 нафар ба омўзиши ҳунарҳои миллӣ ва муосир фаро гирифта шуданд.

 

26.07.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ