Имрӯз, 30 майи соли 2022 ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи Вазорат таҳти раёсати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода баргузор гардид, ки дар он аъзои Ҳайати мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои таркибии вазорат иштирок доштанд.
Дар ҷаласа гузориши сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ Қурбонов Ниёз “Дар бораи рафти иҷрои чорабиниҳои “Барномаи давлатии мусоидат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонбарои солҳои 2020 -2022” дар самти таъин ва пардохти кумакпулӣ барои давраи бекорӣ дар соли 2021 ва семоҳаи якуми соли 2022 (интихобан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд), гузориши сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ Қурбонзода Файзиддин “Дар бораи вазъи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ оид ба таъминоти кадрӣ” ва гузорши директори МД “Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим” Мусоев Абдуқодир “Доир ба натиҷаҳои мониторинги сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии вилояти Суғд” шунида шуд.
Қайд гардид, ки масъалаҳои баррасишаванда муҳим буда, соли ҷорӣ муҳлати амали Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2020 – 2022 ба анҷом мерасад ва ҳоло таҳияи барномаи нав оғоз гардидааст.
Дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ ислоҳоти соҳа ҷараён дошта, иҷрои корҳои зиёд ба нақша гирифта шудаанд. Зимни баррасии масъалаҳо вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ш. ба масъулин ҷиҳати таъмини самаранокии чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2020-2022, бартараф намудани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии ҳайати муҳандисию омӯзгории муассисаҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, иҷрои пурраи барномаҳои таълимӣ, таъмини раванди таълим бо китобҳои дарсӣ, ки омили асосии тайёр кардани кадрҳои коргарӣ мебошад, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар раванди муҳокимаи масъалаҳо як қатор пешниҳодҳо аз ҷониби аъзои ҳайати мушовара ва директорони муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ баҳри тақвияти фаъолият манзур ва лоиҳаҳои қарорҳои пешниҳодшуда, аз натиҷаи баррасии масъалаҳо дар асос маъқул дониста шуданд.