Таҳти мафҳуми “ҳифзи меҳнат” низоми чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирикунанда ва барқароркунӣ, ки мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории шахсро дар раванди меҳнат таъмин мекунанд, фаҳмида мешавад.
Талаботи меъёрии давлатии пешбининамудаи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат қоида, расмиёт ва кафолат ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон дар раванди фаъолияти меҳнатӣ равонашударо муқаррар мекунад. Иҷрои талаботи мазкур барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар пешбурди ҳама гуна фаъолият, аз ҷумла лоиҳакашӣ, сохтмон (азнавсозӣ) ва истифодабарии иншоот, тарҳрезии мошинҳо, механизмҳо ва дигар таҷҳизот, таҳияи раванди технологӣ, ташкили истеҳсолот ва меҳнат ҳатмӣ мебошад. Назорати доимии риоя шудани тамоми талабот, қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарии пешбурди корҳо ва ҳифзи меҳнат аз тарафи кормандон ба зиммаи корфармо мебошад.
Мутобиқи муқаррароти моддаи 352 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди иншооти истеҳсолӣ, инчунин мошинҳо, механизмҳо ва дигар таҷҳизоти истеҳсолӣ, равандҳои технологӣ ба талаботи ҳифзи меҳнат бояд мутобиқ бошанд. Ҳамзамон дар истеҳсолот истифода бурдани моддаҳои хатарнок ё зарарнок, мавод, маҳсулот, мол ва хизматрасониҳое, ки барои онҳо усулҳо ва воситаҳои назорати метрологӣ таҳия нагардидаанд ва баҳодии токсикологии (санитарию гигиенӣ ва тиббию биологӣ) онҳо гузаронида нашудааст, манъ мебошад.
Корфармо уҳдадор аст дар ҳолати истифодаи моддаҳои нави пеш дар ташкилот истифоданашудаи хатарнок ё зарарнок, оид ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон тадбирҳо андешад ва онҳоро бо мақомоти дахлдори назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи ҳифзи меҳнат мувофиқа кунад.
Дар баробари ин, мошинҳо, механизмҳо ва дигар таҷҳизоти истеҳсолӣ, воситаҳои нақлиёт, равандҳои технологӣ, мавод ва ашёи кимиёвӣ, воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективии истеҳсоли ватанӣ ва хориҷии кормандон бояд ба талаботи ҳифзи меҳнат, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, мутобиқ ва сертификати мутобиқат дошта бошанд.
Тибқи талаботи моддаи 354 Кодекси номбурда бо мақсади назорати шароит ва ҳифзи меҳнат, сифати гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз рўи шароити меҳнат, саҳеҳияти пардохти ҷубронпулӣ барои корҳои вазнин ва корҳои дорои шароити хатарнок ё зарарноки меҳнат, инчунин омода намудани пешниҳодот дар бораи дохил кардани ташкилот ба гурўҳи хатарноки касбӣ, мутобиқи натиҷаҳои сертификатсияи корҳо оид ба ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ташхиси шароити меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Ташхиси шароити меҳнат дар ҷойҳои корӣ ҳангоми лоиҳакашии сохтмон ва таҷдиди иншооти истеҳсолӣ, ҳангоми иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, инчунин бо дархости мақомоти судӣ, мақомоти идоракунии ҳифзи меҳнат, корфармоён, иттиҳодияҳои корфармоён, кормандон, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои онҳо ва дигар намояндагони кормандон ба амал бароварда мешавад.
Мутобиқ ба талаботи моддаи 355 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили ҳифзи меҳнат дар ташкилот бо теъдоди кормандон зиёда аз 50 нафар хадамоти ҳифзи меҳнат, ки бевосита ба роҳбари ташкилот тобеъ мебошад, ташкил карда мешавад. Дар мавриди аз 50 нафар камтар будани шумораи кормандон корфармо дар бораи таъсиси хадамоти ҳифзи меҳнат ё ҷорӣ намудани вазифаи (мансаби) мутахассис оид ба ҳифзи меҳнат вобаста ба хусусияти фаъолияти истеҳсолии ташкилот қарор қабул мекунад ё уҳдадориҳоро оид ба ҳифзи меҳнат ба зиммаи дигар мутахассис вогузор менамояд. Низомномаи намунавии хадамоти ҳифзи меҳнат дар ташкилот аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ тасдиқ карда мешавад.
Дар ҳайати хадамоти ҳифзи меҳнати ташкилот вобаста ба хусусияти истеҳсолот ё дар сурати бештар аз 500 нафар будани шумораи кормандон вазифаи табиб оид ба гигиенаи меҳнат ҷорӣ карда шуда, лабораторияи саноатию санитарӣ таъсис дода мешавад. Дар мавриди кам будани теъдоди кормандон, вале мавҷудияти омилҳои зарарноки истеҳсолӣ чунин лабораторияҳо метавонанд аз ҷониби якчанд ташкилот тибқи принсипи соҳавӣ ташкил карда шаванд.
Барҳам додани хадамоти ҳифзи меҳнати ташкилотҳо танҳо дар мавриди қатъ гардидани фаъолияти онҳо мумкин аст. Масъалаҳои марбут ба таъсис ё азнавтаъсисдиҳии хадамоти ҳифзи меҳнатро маъмурият, кумитаи иттифоқи касаба ва ё намояндагони кормандон ҳал мекунанд.
Моддаи 356 санади номбурда муқаррар менамояд, ки дар ташкилот бо ташаббуси корфармо ва ё кормандон, ё иттифоқҳои касаба, ё дигар намояндагони кормандон кумита (комиссия) оид ба ҳифзи меҳнат таъсис дода мешавад. Ба ҳайати он дар асоси баробарӣ намояндагони корфармоён, иттифоқҳои касаба ё дигар намояндагони кормандон ворид мешаванд.
Ба уҳдаи кумита (комиссия) оид ба ҳифзи меҳнат таҳияи фасли созишнома ва шартномаҳои коллективӣ оид ба ҳифзи меҳнат, ташкили амалҳои муштараки корфармо ва кормандон оид ба таъмини талаботи ҳифзи меҳнат, пешгирӣ аз маъюбшавии истеҳсолӣ, бемориҳои касбӣ, инчунин гузаронидани тафтиши шароит ва ҳифзи меҳнат дар ҷойҳои корӣ ва иттилоотонидани кормандон ба натиҷаҳои тафтишоти мазкур вогузор мегардад.
Назорати ҷамъиятии риояи меъёру қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз ҷониби иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон ба амал бароварда мешавад, ки онҳо бо ин мақсад ҳуқуқ доранд бозрасии худиро таъсис диҳанд, инчунин шахсони ваколатдорро оид ба ҳифзи меҳнат интихоб намоянд.
Нозирон ва шахсони ваколатдор оид ба ҳифзи меҳнати иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон ҳуқуқ доранд:
- аз ҷониби корфармоён риоя гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҳифзи меҳнат назорат кунанд;
- ташхиси мустақилонаи шароити меҳнат ва таъмини бехатарии кормандони ташкилотро гузаронанд;
- дар санҷиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ иштирок кунанд, инчунин мустақилона онҳоро санҷиш намоянд;
- аз роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори ташкилот оид ба шароит ва ҳифзи меҳнат, инчунин дар бораи ҳамаи ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ маълумот гиранд;
- дар бораи боздоштани корҳо дар ҳолатҳои таҳдид ба ҳаёту саломатии кормандон талабот пешниҳод кунанд;
- ба корфармоён барои бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи талаботи ҳифзи меҳнат амрномаҳое медиҳанд, ки иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад;
- санҷиши шароит ва ҳифзи меҳнат, иҷрои уҳдадориҳои корфармоёнро оид ба ҳифзи меҳнат, ки тибқи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ шудааст, таъмин намоянд;
- дар кори комиссияҳо оид ба санҷиш ва ба истифода додани иншооти истеҳсолӣ ва воситаҳои истеҳсолӣ ба ҳайси коршиносони мустақил иштирок намоянд;
- дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат иштирок намоянд, инчунин онҳоро бо тартиби муқарраргардида мувофиқа кунанд;
- ба мақомоти дахлдор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки талаботи ҳифзи меҳнатро риоя накардаанд, ҳамзамон ҳодисаҳои нохуши дар истеҳсолот рухдодаро пинҳон медоранд, муроҷиат намоянд;
- дар ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ, ки ба вайронкунии муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, уҳдадориҳои пешбиникардаи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ҷиҳати ҳифзи меҳнат, инчунин ба тағйирёбии шароити меҳнат алоқаманд мебошанд, иштирок кунанд;
- дорои дигар ҳуқуқ ва уҳдадориҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.
Иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон ҳуқуқ доранд бемамониат дар ташкилот риояи талаботи ҳифзи меҳнатро санҷида, ба шахсони мансабдор пешниҳоди баррасии ҳатмиро оид ба бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи талаботи ҳифзи меҳнат манзур намоянд.
Дар моддаи 358 санади мазкур ҳуқуқҳои зерини нозирони ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи меҳнат нишон дода шудаанд:
- ҳуқуқи кормандонро оид ба ҳифзи меҳнат дар назди корфармо ба воситаи назорати ҷамъиятӣ барои риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ барои таъмини бехатарии меҳнат, шароити меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар ташкилотҳоро ҳифз намоянд;
- дар санҷиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва маҷмуии ҳолати бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати аз ҷониби нозирони давлатии меҳнат гузаронидашаванда иштирок намоянд;
- оид ба шарҳдиҳӣ, аз ҷумла дар шакли хаттӣ аз корфармо ва дигар шахсони мансабдори ташкилот барои иҷрои уҳдадориҳои худ иттилоот гиранд;
- аз ҷониби корфармо иҷро шудани уҳдадориҳои дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинишударо дар бахши ҳифзи меҳнат назорат намоянд;
- вобаста ба натиҷаи санҷиш ба номи шахсони мансабдор дар бораи бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳод ирсол намоянд;
- дар кори комиссия оид ба санҷиш ва қабули иншооти истеҳсолӣ ва воситаҳои истеҳсолӣ барои истифодабарӣ иштирок намоянд;
- дар таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва ҳифзи меҳнат ва пешниҳоди таклифҳо иштирок намоянд;
- ба мақомоти дахлдори давлатӣ барои ба ҷавобгарӣ кашидани корфармо ва дигар шахсони мансабдори ташкилот барои вайрон намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, муқаррароти созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, аз ҷумла пинҳон намудани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ муроҷиат намоянд;
- дар баррасии баҳсҳои меҳнатӣ, ки вобаста ба тағйир додани шароити меҳнат, риоя накардани муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, иҷро накардани уҳдадориҳои дар шартномаҳои меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинишуда иштирок намоянд;
- бо даъво ба суд бо аризаи корманд барои ҳифзи ҳуқуқи кормандон барои ҷуброни зарари дар натиҷаи маъюбшавӣ ё дигар зарар ба саломатӣ вобаста ба иҷрои уҳдадории меҳнатӣ ва дигар ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи кормандон оид ба меҳнат, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат муроҷиат намоянд.
Ҳамин тариқ, дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳу усулҳои қонунӣ ва самарабахши таъмини ҳифзи меҳнати кормандон мушаххасан нишон дода шудааст ва иҷрои муқаррароти марбути таъмини ҳифзи меҳнати кормандон барои корфармоён ҳатмӣ маҳсуб мешавад.
КАРИМЗОДА Насим Самиҷон,
муовини якуми вазири меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон