Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки солҳои охир низоми хизмати давлатӣ рў ба рушду такоммул ниҳода, мавқеи корманди давлатӣ нисбат ба ҳама қишрҳои амалкунандаи аҳолӣ дар сатҳи нисбатан баланд қарор дода шудааст.
Баробарҳуқуқии шаҳрвандонро ба хизмати давлатӣ муқаррароти қисми 2 моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад, ки дар шароити умумии баробар ба хизмати давлатӣ роҳ додани шаҳрвандон, яке аз дастовардҳои давлати соҳибистиқлол буда, аз моҳияти демократию ҳуқуқбунёдии кишварамон шаҳодат медиҳад.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор қоидаву дастурамалҳо мавқеи хизматчии давлатиро дар ҷомеа мукаммал ва мушаххас гардонидааст.
Хизмати давлатӣ ҳамчун қисми таркибии сохтори давлатӣ, дар байни давлат ва ҷомеа нақши васлкунандаро бозида, дар ин раванд, вазифаи асосии хизматчиёни давлатӣ дар баробари бо роҳи иҷрои уҳдадориҳои мансабии худ хизмат намудан ба давлат, уҳдадор мегарданд, то ки дар заминаи муқаррароти моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ҳисси муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон, инчунин инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоиро дар худ ривоҷ диҳанд ва дар байни ҷомеа ташвиқу тарѓиб намоянд. Дар рафтори ғайрихизматии худ, ки берун аз ҷои кор, дар ҷомеа зоҳир гардида, бо Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ мегардад, намунаи ибрат бошанд.
Рафтори хизматӣ ва ѓайрихизматии хизматчии давлатӣ дар доираи қоидаҳое танзим мегарданд, ки ба менталитет ва фарҳангу одатҳои миллии мо наздиканд ва масъулияти ҷиддии фардиро талаб мекунанд. Яъне, дар доираи ин қоидаҳо, хизматчии давлатӣ бояд дар баробари риоя ва ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, ба таърихи кишвари худ, ба урфу одатҳои миллӣ ва фарҳангӣ эҳтиром гузорад. Манфиати давлатро аз манфиати шахсӣ боло гузорад ва аз таъсири шаҳрвандони алоҳида, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ вобаста набошад.
Вобаста ба вазъи ноустувори сиёсии ҷаҳонӣ, имрузҳо пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин равандро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳониён, зери таваҷҷӯҳи махсус қарор дода, барои тақвияти минбаъда дар ин самт, чораҳои таъхирнопазир андешида истодааст. Ҳанӯз аз оѓози Истиқлолияти давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода мешуданд. Дар баробари ин, таъкидҳои мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди муборизаву пешгириҳоро дар кишвари мо боз ҳам тақвият бахшид. Аз ҷумла, ҳануз соли 2015 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар таъкид намуда буданд, ки “Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Вале, терроризм ва ифротгароӣ пеш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст”.
Ин гуфтаҳо иродаву масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвари азиз, хусусан хизматчиёни давлатиро баланд бардошта, моро уҳдадор месозад, то ки корҳои таблиғотию ташвиқотиро мунтазам, ҳадафнок, нишонрас, собитқадамона, самаранок ва таъсирбахш роҳандозӣ намоем. Дар ин раванд, моро зарур аст, дар баробари тарғиби ватандустиву риояи зиракии сиёсӣ дар байни мардум, аз имкониятҳои воситаҳои ахбори умум, радио, телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо бештар истифода барем. Ба қавли файласуфи машҳури англис Антони Гидденс: “…мо акнун дар асри (замони) хатару таваккал зиндагӣ дорем”. Яъне, имрӯз на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми мамолики дунё ҷавононе, ки дар зиндагӣ роҳи дурусти худро намеёбанд ё ноком мегарданд, раҳоӣ аз онро дар шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебинанд. Дар ин ҳолат шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро бештар омили иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ дошта, баъзе аз онҳо фирефтаи тарғиботи ҷалбкунандаи ин гуна ҳаракатҳо мешаванд ва мушкилоти худро бо ин роҳу васила ҳал кардан мехоҳанд.
Раванди дигаре, ки тайи солҳои охир метавонад олами моро тағйир диҳад, ин ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) мебошад, ки тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва дар ниҳоят, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ, нафрат, эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад.
Аён аст, ки ба истиснои 1-2 фоизи аҳолии кишвар, ҳама мардуми Тоҷикистон мусалмонанд ва мутаассифона, аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст, ки ин андешаи мутлақо ғалат аст. Экстремистон барои ба гумроҳӣ бурдан ва бовар кунонидани ҷавонон ба ғояву андешаҳои муғризонаи худ фалсафаи исломро нодуруст ва ба манфиати худ шарҳу тавзеҳ медиҳанд, ки ин амали норавост. Баръакс, тамоми ояҳои Қуръон, ҳадис, аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва таблиғ менамояд. Экстемизм (тундравии аз ҳад зиёд) шахсро ба сӯи содир намудани ҷиноятҳои марбут ба терроризм мебарад ва экстремист шахсиятест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравию якравӣ аст.
Агар яке аз омилҳои сар задани эстремизм дар кишварҳои ҷаҳон ин шароити вазнин ва сатҳи пасти зиндагӣ, мавҷуд набудани ҷои кор, манзил ва камбизоатӣ бошад, мутаассифона, ҳолатҳое ба назар мерасад, ки дар байни аъзои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ фарзандони оилаҳои сарватманд, ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ набуда низ шомил мегарданд. Баъзе шахсон, хусусан ҷавонон, камтаҷриба ва камтарбия ва табиатан ҷангҷӯ, моҷароҷӯй ва ҳангоматалабанд, ки бо ҳар роҳу васила ҳатто бо ҷиноят ва шомил шудан ба гурӯҳҳои экстемистӣ, террористӣ соҳиби “обрӯ” ва “эътирофи ҷомеа” шудан мехоҳанд. Дар ин ҳолатҳо, химатчии давлатӣ ба истилоҳи оммавӣ, бояд «сиёҳро аз сафед фарқ карда тавонад». Дониста бошад, ки имрӯз бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 15 ҳизбу ҳаракатҳо ташкилотҳои террористию экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ гардидааст. Аз ҷумла: “Ал-Қоида”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Ҳаракати Толибон”, “Бародарони мусулмон”, “Лашкари Тайба”, “Гурӯҳи исломӣ”, “Ҷамъияти таблиғ”, “Созмони таблиғот”, “Тоҷикистони озод”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ансоруллоҳ”, “Ҷараёни ифротии салафия”, “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ун-нусра”, “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон”. Ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии номбаршуда, танҳо дар ном гуногун буда, мақсад, роҳҳои ҷалб кардан ва нияту нақшаҳои якхела доранд. Мақсади ниҳоии онҳо ғасби ҳокимият, тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва бунёди давлати исломӣ мебошад.
Имрӯзҳо аз ҷониби коршиносон дар бораи ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву радикалӣ мақолаву маълумотномаҳои зиёд таҳия гардида истодаанд ва аз мавқеи худ, хизматчии давлатӣ бо мақсади дарки амиқ ва васеъ намудани доираи фаҳмиши сиёсии худ, бояд мунтазам дар пайи омӯзиш бошад, маълумоти мушаххас ва кофӣ дошта бошад, то ки мақсади аслии гуруҳҳои экстремистиро, роҳу услуби корбариашонро дар ҷомеа зуд дарк ва ошкор карда тавониста, дар байни ҷомеа худро ба ҳайси роҳбалади самти дурусти зиндагӣ муаррифӣ карда тавонад.
Дар Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, таҳаммулпазирӣ, яъне эҳтиром ва дуруст дарк намудани фарҳангҳои мухталиф, рафтор, одат, ақида, дин, эҳтиромона муносибат намудан бо ҳамкорон, муроҷиаткунандагон, тобеон ва ҷомеа аз принсипҳои асосӣ арзёбӣ мегардад. Новобаста ба ин, рафтори хизматӣ ва ѓайрихизматии хизматчии давлатӣ дар доираи қоидаҳое танзим мегарданд, ки ба менталитет ва фарҳангу одатҳои миллии мо наздиканд ва маъулияти ҷиддии фардиро талаб мекунанд. Яъне, дар доираи ин қоидаҳо, хизматчии давлатӣ уҳдадор мегардад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, эҳтиром, риоя ва ҳифз намояд, ба таърихи кишвари худ, ба урфу одатҳои миллӣ ва фарҳангӣ эҳтиромона муносибат намояд ва дар баробари ин, аз таъсири шаҳрвандони алоҳида, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ вобаста набошад.
Риояи қоидаҳои Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, уҳдадории хизматчии давлатӣ буда, риоя накардани он боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
Дилафрӯз Қаландарова,
Сардори Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус