Ҷавонон таҳкимбахши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва пайравони асили Пешвои миллат буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавони кишвар ҳамчун нерӯи созанда ва бунёдкор эътимоди комил доранд ва дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ҷавонон аз мавқеи хос бархӯрдор аст.
Далели возеҳи ин гуфтаҳо он аст, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” 23 декабри соли 2022, аз ҷониби Роҳбари давлат таъкид гардид, ки «Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст».
Воқеан ҳам, имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди сиёсати бобарори давлатӣ дар ҷодаи дастгирии ҷавонон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.
Мусаллам аст, ки тадбирҳои андешидашаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон заминаҳои мусоид фароҳам меоранд.
Дар робита ба ин нукта, иброз медорам, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар радифи дигар ниҳодҳои давлатӣ, мавқеи арзанда дорад.
Ҷавонон бояд бо омодагии комил ва малакаи касбии ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнат, вориди муносибатҳои меҳнатӣ гарданд.
Қобили қайд аст, ки дар ҷумҳурӣ шумораи ҷавонони синни 15 - 29 сола, ки қобили меҳнат ҳисобида мешаванд, 2 млн. 879 ҳазор нафар ё 51 фоизи захираҳои меҳнатиро (5 млн. 640 ҳазор) ташкил медиҳанд.
Аз ин хотир, фароҳам овардани шароит барои мусоидат ба шуғли ҷавонон ва ҷалби онҳо ба фаъолияти созанда яке аз афзалиятҳои асосӣ дар сиёсати иҷтимоии кишвар мебошад.
Дар ин замина, яке аз роҳҳои асосии фаъолгардонии ҷавонон ин ба шуғли муносиб, арзанда ва пурмаҳсул фаро гирифтани онҳо ба шумор меравад.
Ба шуғли муносиб фаро гирифтани ҷавонон, ин мусоидат ба раҳонидани ҷомеа аз буҳрони иқтисодӣ, таҳкими заминаҳои иҷтимоию маънавӣ ба ҳисоб рафта, ҳамзамон ба раванди рушди сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суръат мебахшад.
Маҳз бо дарназардошти муҳиммияти бо шуғл таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат, бахусус ҷавонон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 зарурати таҳия ва татбиқ намудани Консепсияи шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ба миён гузошта шуд, ки лоиҳаи санади мазкур таҳия ва бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022, қабул гардид.
Моҳи августи соли равон бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ба тасвиб расид, ки бешак барои баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат ва таъмини ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамчунин, дар доираи амалисозии Барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боби алоҳидаи он «Дастгирии иҷтимоии ҷавонон» ном дорад, хизматрасониҳои давлатӣ анҷом дода мешаванд.
Дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳо давоми нимсолаи якуми соли 2023 дар доираи чорабиниҳои Барномаи болозикр 21,7 ҳазор нафар ҷавонон бо ҷойи кор таъмин карда шуда, 5,6 ҳазор нафар ба тайёрии касбӣ ҷалб шуда, 5,0 ҳазор нафар аз хизматрасониҳои роҳнамоии касбӣ бархӯрдор гардиданд.
Дар баробари ин, 1,5 ҳазор нафар ҷавонони бекор ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар карда шуда, бо ин мақсад 446,7 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Барномаи зикршуда, хароҷот гардид.
Ҳамзамон, барои дастгирии ташаббуси соҳибкории 508 нафар ҷавонони бекор 1,9 млн. сомонӣ ва барои пардохти кумакпулӣ дар давраи бекорӣ ба 6,9 ҳазор нафар ҷавон 5,2 млн. сомонӣ пардохт карда шуд.
Омили муҳим дар мусоидат ба шуғли ҷавонон раванди ба тайёрии касбӣ фаро гирифтани онҳо ба ҳисоб меравад.
Дар тобеияти вазорат 60 литсейи касбии техникӣ, 1 коллеҷ, 45 маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир, 5 маркази таълимӣ бо 45 филиал ва 29 намояндагӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат фаъолият дошта, барои соҳибкасб намудани ҷавонон ва таъмини соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ бо кадрҳои коргарии мавриди талабот нақши калон доранд.
Ҳамасола муассисаҳои таълимии тобеи вазоратро зиёда аз 65 ҳазор нафар шаҳрвандон аз рӯи 14 самт ва 210 касбу ихтисос хатм менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки хонандагон ва хатмкардагони муассисаҳои таълимии тобеи вазорат, давомдиҳандагони пайроҳаи Пешвои миллат ҳастанд, ки дар оғӯши яке аз ин муассисаҳои таълимӣ ҳунар омӯхтаанд.
Маврид ба қайд аст, ки дар давоми 6 соли охир ҳамасола бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар муассисаҳои таълимии тобеи вазорат ва дигар муассисаҳои таълимии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта зиёда аз 100 ҳазор нафар шаҳрвандон, ки аксарияти онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд (70%) ба курсҳои кутоҳмуддати касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шудаанд.
Танҳо давоми солҳои 2018-2022 ва нимсолаи якуми соли равон тавассути Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, ба таври ройгон 62,5 ҳазор нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд.
Бо мақсади тақвияти фаъолият дар самти бокортаъминкунии ҷавонон тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, саросар ба касбомӯзи фаро гирифтани аҳолии аз 18 сола боло як қатор тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.
Дар ин раванд, Барномаи давлатии касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 ва Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 -2025 мавриди амал қарор доранд.
Новобаста аз ин, таҳлили рақамҳои омори расмӣ доир ба шуғли ҷавонон ва сатҳи бекорӣ дар миёни онҳо нишон медиҳанд, ки тадбирҳои пешбинишуда ва амалишаванда оид ба дастгирии иҷтимоии ҷавонон бояд тақвият дода шаванд.
Аз ин рӯ, дар баробари фарогирии ҷавонон ба таҳсилоти касбӣ, масъалаи хеле муҳим – ин таъмини онҳо бо ҷойи кори доимӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт мебошад, зеро ин нишондиҳанда омили асосӣ барои коҳиш додани сатҳи бекорӣ дар байни ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Бо назардошти рушди иқтисодиёти ҷаҳон дар заминаи платформаҳои рақамӣ, вазорат таҷрибаи омӯзиши ҷавононро дар заминаи чунин платформаҳо тадриҷан роҳандозӣ намуда истодааст, ки дар оянда барои мустақилона бо ҷойи кор таъмин шудани онҳо мусоидат менамояд.
Татбиқи тадбирҳои мазкур имкон медиҳад, ки сатҳи шуғлнокии ҷавонон баланд бардошта шуда, сатҳи рақобатпазирии ҷавонон дар бозори меҳнат тақвият ёбад.
Дар баробари ин, бо назардошти рақамҳои оморӣ оид ба вазъи шуғлнокӣ ва бекорӣ миёни ҷавонон, ба мақсад мувофиқ шуморида мешавад, ки вазъи иҷтимоии ҷавонон пайваста мавриди пажӯҳиш қарор дода шавад ва дар ин замина барномаҳои давлатӣ ва тавсияҳои мушаххас оид ба дастгирии иҷтимоии ҷавонон тарҳрезӣ ва қабул гардида, дар амал татбиқ карда шаванд.