Дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти ба номи И. Ниёзови ноҳияи Қубодиён дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзишӣ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бобоев Умед бунёд гардидааст, ба истифода дода шуд.
Дар маросими ба истифода супоридани он вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид ки тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва дар ин замина оммавигардонии варзиш аз дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат бармеояд, ки аз ҷониби соҳибкорону сокинони ноҳияи Қубодиён дастгирӣ ёфта, чандин иншооти гуногуни варзишӣ бунёд карда шуданд. Ифтитоҳи майдончаи варзишии замонавӣ шафати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳия дар масоҳати 1000 м2 бо арзиши 300 ҳазор сомонӣ ва ҷалби 10 нафар сохтмончӣ бунёд гардида, атрофи он дар масоҳаи 300 м2 сафолакпӯш карда шуд.
Бо ин иқдом соҳибкор барои гузаронидани машғулиятҳои дарси фанни тарбияи ҷисмонии муассисаи таълимӣ шароит фароҳам овард. Дар соатҳои муайян майдончаи варзишӣ ба ихтиёри муассисаи таълимӣ дода мешавад.
Дар ин майдонча мусобиқаҳои варзишии сатҳи маҳаллӣ в ноҳиявӣ доир карда мешавад.