22 ноябри соли ҷорӣ ҳайати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду гурӯҳ тақсим шуда, аз маркази шуғли аҳолии шаҳри Остона, маркази рушди захираҳои меҳнатии Қазоқистон ва коллеҷи хуроки умумӣ ва хизмати шаҳри Остона дидан намуданд.
Гурӯҳи якум ба маркази шуғли аҳолии шаҳри Остона ва маркази рушди захираҳои меҳнатии Қазоқистон ташриф оварда, ба фаъолияти муассисаҳои мазкур аз наздик шинос гардиданд. Дар маҷмуъ, дар Ҷумҳурии Қазоқистон 207 маркази шуғли аҳолӣ фаъолият менамояд. Хизматрасонӣ дар марказҳои мазкур тариқи рақамӣ ба роҳ монда шуда, корфармоён, бекорон, қисми осебпазири ҷомеа ва ашхоси аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда аз он фаъолона истифода мебаранд. Фаъолияти марказҳои мазкур аксаран аз ҷониби давлат маблағгузорӣ карда мешавад.
Ба ҳайати меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки Маркази рушди захираҳои меҳнатӣ, бузургтарин ниҳоди таҳлилӣ ва комуникатсионии Қазоқистон дар соҳаи захираҳои меҳнатӣ маҳсуб ёфта, гузоришҳои худро ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон пешниҳод менамояд. Маркази мазкур ҳар як фарди ҷумҳуриро ба қайд гирифта, дар раванди таълим ва бокортаъминкунии шаҳрвандон саҳми бориз дорад. Миссияи аслии марказ, мусоидат дар бунёди шароит барои рушди босамари бозори меҳнат ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву меҳнат арзёбӣ карда мешавад.
Гурӯҳи дуюм аз Коллеҷи хуроки умумӣ ва хизмати шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дидан намуда, бо ҷараёни дарсҳои таълимӣ- истеҳсолӣ аз рӯи ихтисосҳои "Қаннод" ва "Пешхизмати меҳмонхона" шинос гардиданд.
Дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷ оид ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Қазоқистон маълумот пешниҳод карда шуд. Маълум гардид, ки низоми таҳсил дар муассисаҳои миёнаи касбии Ҷумҳурии Қазоқистон тариқи дуалӣ ба роҳ монда шуда, 60 фоизи машғулиятҳо дарсҳои таълимӣ- истеҳсолӣ дар корхонаҳои истеҳсолии соҳавӣ ва 40 фоиз дарсҳои назариявӣ мебошанд.