img
ҶАЛБИ ШАҲРВАНДОНИ БЕКОР БА ШУҒЛИ МУВАҚҚАТӢ

Бокортаъминкунӣ яке аз чораҳои фаъоли мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба  шумор рафта, дар баробари бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандони бекор инчунин ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб карда мешаванд.

 

Корҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, корфармоён (новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ) ва бо иштироки мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ташкил карда мешавад. Шаҳрвандони бекоре, ки ҳамчун корҷў дар мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шудаанд, ҳуқуқи иштирок дар корҳои ҷамъиятиро доранд.

 

Бо назардошти моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”         ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағъирот ба қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”аз 4 марти соли 2005, №93, аз 2 марти соли 2013, №106 ва Дастурамал “Оид ба Қоидаҳои ташкил ва гузаронидани корҳои ҷамъиятӣ” бо қарори Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “25” майи соли 2018, №5 тасдиқ шудааст. 

 

Инчунин Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №135 тасдиқ гардида, фарогирӣ маҷмўи тадбирҳоест, ки барои мусоидат ба шуғли аҳолӣ шароит фароҳам оварда, ба ин васила ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии аҳолии кишвар замина мегузоранд.

 

Дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар нимсолаи аввали соли 2024 аз ҷониби корфармоён 4300 нафар бекорони дар қайди мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ буда, ба корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шуданд, ки ин нишондод 61,4 фоизи пешгўии солонаи барномаро ташкил медиҳад.

 

Дар миқёси вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бошад, дар давраи ҳисоботӣ дар ВМКБ 367 нафар, вилояти Хатлон 1367, вилояти Суғд 1129, шаҳри Душанбе 210 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1227 нафар шаҳрвандони бекор ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд. Бояд қайд намуд, ки аз шумораи зикргардида дар ин давра 881 нафар муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб карда шуданд.

 

Таҳлили сохтори ташкилии корҳои ҷамъиятии музднок нишон дод, ки дар давраи ҳисоботӣ 1100 нафар (25,6%) ба корҳои кабудизоркунию ободонӣ, 450 нафар ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ (10,5%), 500 нафар барои ободонии ҷангалҳо (11,6%), 200 нафар корҳои обёрӣ ва ирригатсионӣ (4,6%), 210 нафар ба иҷрои корҳои ҷудогона дар сохтмони роҳ (4,9%), 250 нафар ба бунёди боғ (5,8%), 380 нафар барои тоза намудани ҷўйю канал (8,8%), 430 нафар ба кандан ва маҳкам намудани соҳил (10,0), 110 ба кашидани хату барқ (2,6%), 120 нафар ба кандани чуқурӣ барои ниҳол (2,8%) ва 550 нафар барои дигар намуди корҳо (12,8) сафарбар гардидаанд.  

 

Маҷмўан дар давраи ҳисоботӣ аз рўи 11 номгўи корҳои ҷамъиятӣ корҳо ба иҷро расидаанд, ки 25,5 фоизи номгўи корҳои ҷамъиятии музднокро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии шаҳрвандоне, ки ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд 1759 нафар (40,9%) зан ва 1630 нафар (37,9%) ҷавонон мебошанд.

 

 

   Аҳмадзода Бустон

  сармутахассиси Раёсати бозори

  меҳнат ва шуғли аҳолии

  Вазорати меҳнат, муҳоҷират

  ва шуғли аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

24.08.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ