9 феврали соли 2023 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазир Давлатзода Қиёмиддин машғулияти идоравӣ дар мавзӯи “Тартиби пешниҳоди эъломияҳои хизматчиёни давлатӣ тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020, №411 “Дар бораи эъломия оид ба андоз аз даромад” ва №412 “Дар бораи эъломия оид ба вазъи молумулкӣ” доир гардид.
Дар чорабинии мазкур сардори шуъбаи иттилоот ва муроҷиатҳои электронии раёсати хизматрасонии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Обидӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон Ҳисайнов Шоҳруххон ва мутахассис-барномасози КВД “Маркази барномасозии маъмурикунонии андоз” Ғаффориён Мавлон, инчунин кормандони дастгоҳи маркази вазорат, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, Хадмоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар кормандони сохторҳои таркибии Вазорат ширкат намуданд.
Аз Ҷониби муовини вазир Давлатзода Қиёмиддин қайд гардид, ки мутобиқи моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, моддаи 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия”, моддаи 241-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020, №411, №412 “Дар бораи эъломия оид ба вазъи молумулкӣ” ва “Дар бораи эъломия оид ба андоз аз даромад” ҳар сол на дертар аз 1 апрели баъди соли ҳисоботӣ аз ҷониби ҳар як хизматчии давлатӣ Эъломия оид ба андоз аз даромад ва Эъломия оид ба вазъи молумулкии хизматчии давлатӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод карда мешавад.
Намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Обидӣ хизматрасониҳои электронии кумита, тартиби бақайдгирӣ барои пешниҳоди эъломия аз даромад ва тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро тариқи рӯнамо шарҳ дода, ба саволи кормандон ҷавобҳои мушаххас дод.