img
ҶАЛАСАИ САЙЁР ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН

Имрӯз, 30 ноябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон таҳти раёсати муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғафор Раҳмонзода бо иштироки муовини вазир Шаҳноза Нодирӣ, роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират, намояндагони мақомоти иҷроияи давлатӣ ва роҳбарони сохторҳои вазорат ҷаласаи сайёр оид ба масъалаи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2021, №518 “Дар бораи тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2022-2024” баргузор гардид. 


Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ, беҳтар гардидани инфрасохтори деҳот, рушди соҳаҳои хоҷагии қишлоқ ва паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ зери муҳокима қарор гардид. 


Дар фарҷом ҷиҳати ҳалли мушкилот як қатор таклифҳо пешниҳод шуда, қарори дахлдор қабул гардид. 
 

30.11.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ