img
Ҷаласаи навбатии  Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалисозии Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

21 декабри соли 2022 ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалисозии Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери раёсатии муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳалимзод Абдураҳмон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласаи мазкур вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амонзода Ширин Шодӣ, менеҷери лоиҳа – Сафаров Далер ва намояндагони Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ аз ҳисоби кормандони вазорату идораҳои дахлдор иштирок доштанд.

Зимни ҷаласа гузориши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода вобаста ба рафти татбиқи Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” ва ҳисоботи менеҷери лоиҳа Сафаров Далер доир ба иҷрои корҳои сохтмонӣ, омодашавии стандартҳои салоҳияти 9 касб, шартномабандӣ ва азхудкунии маблағҳо шунида шуда, масъалаҳо муҳокима гардиданд. 

Ҳамзамон, рафти иҷрои бандҳои нақшаи кори Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар ҷаласа нақшаи кори Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ барои нимсолаи аввали соли 2023 қабул гардид.

 

 

21.12.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ