Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов бо ваколатдори махсуси Ҳукумати Федеролии Олмон дар умури созишномаҳои муҳоҷиратӣ Йоахим Штамп мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аснои суҳбат роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти муҳоҷират, баимзорасонии санадҳои марбутаи соҳавӣ, ҳамчунин ҷиҳати ба танзим даровардани равандҳои муҳоҷират мубодилаи афкор намуданд.