img
ТЕРРОРИЗМ - ХАТАРИ ОЯНДАСӮЗИ ҶОМЕА

Вазъи ҷаҳони имрӯз моро маҷбур мекунад, ки бештар аз гузашта ҷавонони худро огоҳ кунем. Махсусан, дар ин замони бархурди манфиатҳои миллату халқҳои гуногун бояд ҳар модару падар ба тарбияи фарзандон диққати махсус равона кунад. Гурӯҳҳову ҳаракатҳои гуногун ҳамчун абзори иҷрокунандаи амал, аз қишри осебпазири ҷомеа, ки аз донишҳои динию дунявӣ бебаҳраанд истифода мекунад.     

        

Тадқиқоти олимони ҷаҳон нишон медиҳад, ки мағзшӯйии комил метавонад инсонро ба корҳои касифе такон диҳад, ки инсони солимақл аз шуниданаш ҳатто ба ларза биёяд. Пас мо бояд дар муқобили мушакҳои ҳамлаҳои зеҳнии ҳадафмандона падофанди худро дошта бошем. Мо бояд тафаккури ҷавононро таҳаррук бахшида, то он манзил расонем, ки аз хавфи чунин хатарҳои рӯзафзун эмин бошанд.

Ҳангоме ки наврас дар оила рафтору гуфтори хонаводаро мебинад, то як андоза рафторҳои ояндааш ба онҳо наздик мешавад. Агарчӣ баъзе ҳолатҳои истисноӣ ҳам ҳаст, аммо ин тарбияи оила ҳамоно дар нигоҳдории андеша, ҳувият, фарҳанг, шахсият, тасмимоти сиёсӣ, рафторҳои инсон дар мақоми аввал аст. Вижагиҳои инсони инсондӯсту худогоҳро бузургони мо ба ин шакл баршумурдаанд.

 

Камол он аст, ки аз худ бошӣ огоҳ,

Чӣ дар хилват, чӣ дар саҳро, чӣ дар роҳ.

 

Қадами аввали мо дар беҳсозии вазъи кунунӣ ин ҳарчӣ бештар огоҳ кардани мардум, махсусан ҷавонон аз вазъи кунунии ҷамъияти инсонии олам мебошад. Падидаи номатлуби терроризм, ки имрӯз ба мисли алафҳои нолозим дар полизи инсоният давидааст, ҳамаро бояд нигарон кунад. Аз ҳама пеш ҳамаи мо ба наздикони худ бояд огоҳӣ расонем, ки аллакай гурӯҳҳои манфиатҷӯ чангакҳои худро партофтаанд ва интизори сайди навбатии худ ҳастанд. Дар ҳалли ин мушкил бояд мо ҳама саҳмгузорӣ кунем, чӣ тавр, ки шоир гуфтааст:

 

Кори замона хуб ба як тан намешавад,

Бо як чароғ деҳкада равшан намешавад.

 

Аз як гиребон сар баровардани мо роҳи муввафақиятҳоро дар ин кор бароямон ҳамвор мекунад. Дастурамали асосии мо бояд дар ин раванд, муборизаи оштинопазир ба андешаҳои ғалат,  ҳимояи арзишҳои миллӣ,  истифода кардани мероси фарҳангию таърихие, ки аз ниёгонамон боқӣ мондааст, фароҳам овардани як фазои иттилоотии муътадил, беҳтар намудани маданияти ҷавонон, имконияти рушдёбӣ додан ба наврасон, таблиғу тарғиб кардани андешаҳои миллӣ, паҳн намудани афкоре, ки ба созандагӣ даъват мекунад ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ мебошад.

 

Ногуфта намонад, ки илоҷи ҳар ҳодиса пеш аз ба вуқуъ омадани он осонтар аз бартараф кардани оқибатҳои ногувори он мебошад. Ба ҳамин хотир бояд падару модарони муҳтарам, мувофиқи равиши замона фарзандони худро аз хатарҳои дунёӣ огоҳ намоянд.

 

Бояд дарк кунем, ки бо назардошти таҳаввулоти ташаннуҷҳои олам ҳеҷ кас аз ин оташ дар амон нахоҳад буд, агар чораи худро накарда бошад. Ҳодисаҳои нохуше, ки дар чанд моҳи охир рух доданд ва миллионҳо  нафарро ба ташвиш овард, нишонаҳои мавҷудияти хатар барои тамоми мо буд, ки боз як бори дигар аз чеҳраи ин ҳақиқат парда бардошт.   

 

Инсонҳои мағзшӯишуда монанди бомбаҳои аз роҳи дур идорашаванда мебошанд, ки метавонад дар ҳар макон, дар ҳар нуқтаи ҷаҳон, дар ҳар вақт, ки барои арбобону гурӯҳҳои манфиатҷӯ фоидаовар бошад, ба кор дарояд. Ин бори дигар моро ба андеша кардан водор мекунад, ки корҳои идеологиямонро ба тарзи дурусту нишонрас ба роҳ монда, дар оянда бо ҳамкориҳои ҳамоҳангшуда бо макотибу донишгоҳҳо ва падарону модарон   пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ва шаҳрвандони худро ба гурӯҳҳои ҳаросафган девор занем. Танҳо ба ин васила метавон зиндагии роҳатбахшу ором дошт ва пешравии илмию техникӣ кард.

                                                                                                                              

Сардори шуъбаи ҳуқуқи                     

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 

Мардонзода Гулбаҳор

 

04.05.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ