img
ШИРКАТИ HOPS LABOUR SOLUTIONS LTD МУСОҲИБА ВА ҚАЙДИ ШАҲРВАНДОНРО ОҒОЗ НАМУД

16 марти соли равон дар Литсейи касбӣ - техникии нақлиёти автомобили шаҳри Душанбе, воқеъ дар шафати Маркази миллии тестӣ барои шаҳрвандоне, ки барои кори мавсимӣ ба Британия Кабир сафарбар мешаванд, мусоҳибаи шаҳрвандон бо намояндагони ширкати HOPS Labour Solutions Ltd оғоз гардид.

Нахуст муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар ва Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо суханронӣ намуда, ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки барои мусоҳиба омодаанд, бори дигар таъкид намуданд, ки ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари Британияи Кабир қоидаҳои будубошро пурра риоя намоянд.

Ҳамзамон, Нодирӣ Шаҳноза Анвар, қайд намуд, ки ҳамкории ширкати «Pro-Force» бо МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе, ки муассисаи давлатӣ аст, хуб ба роҳ монда шудааст.

Тибқи тартиб, чунин хизматрасониҳо комилан ройгон буда, аз шаҳрвандон маблағ талаб карда намешавад. Инчунин, намояндаи ширкат оиди фаъолият, ки аслан корҳои мавсимии кишоварзӣ, аз ҷумла ҷамъоварии сабзавот ва мевагӣ мебошад, маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, шароити кор, рӯз ва соати корӣ, пардохти маош, ҷойи зист ва дигар масъалаҳо фаҳмонида шуд.

Бояд гуфт, дар феҳрасти талабот аз муҳоҷирон донистани забони англисӣ дар сатҳи муошират зикр шудааст. Муҳлати сафар то 6 моҳ, хароҷоти сафар аз ҷониби худи муҳоҷирон пардохт мегардад.

Сипас, намояндагони ширкат ба саволҳои шаҳрвандон, ки хоҳиши фаъолияти меҳнатӣ дар ин кишварро доранд, ҷавобҳои мушаххас доданд.

Ба маълумот мерасонем, ки мусоҳиба ва қайди шаҳрвандон аз ҷониби ширкати HOPS Labour Solutions Ltd се рӯз идома хоҳад кард.

 

 

17.03.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ