img
ДАР ДУШАНБЕ МАСЪАЛАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКИВУ КОРЕЯГӢ БАРРАСӢ ГАРДИД

Ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода бо  мудири бахши магистратура ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи забонҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Ҳонг Вансок — котиби Сафири  Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон И Сунгу ва донишҷӯи бахши магистратураи Донишгоҳи забонҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Пак Ёнгҷэ мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.


Зимни суҳбат масоили ҳамкории минбаъда, татбиқи созишномаҳои дуҷониба ва омӯзиши забонҳои тоҷикию куриёӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.


Ректори донишгоҳ перомуни сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва робитаҳои дӯстӣ байни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ибрози назар намуда, вобаста ба вазъ ва усули омодакунии мутахассисон дар шуъбаи забони кореягии Донишгоҳ маълумот манзур намуд.


Ҳонг Вансок ва ҳамроҳонаш бо синфхонаҳои Маркази забономӯзии Шоҳ Сеҷонг ва шароити таҳсил дар ихтисоси забони кореягӣ шинос шуда, ба вазъи омӯзиши ин забон дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

 

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

 

khovar.tj

16.01.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ