img
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ БАЙНИИДОРАВӢ ОИД БА БАРҲАМДИҲИИ ШАКЛҲОИ БАДТАРИНИ МЕҲНАТИ КӮДАК БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО МЕҲНАТИ КӮДАК

Санаи 11 июни соли 2026 дар доираи таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак баргузор гардид.

 

Ҷаласа таҳти раёсати муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангинмурод баргузор шуда, дар кори он аъзои Шӯро, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони иҷтимоӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Чорабинии мазкур ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак, ки бо ташаббуси Созмони Байналмилалии Меҳнат аз соли 2002 ҳамасола дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, доир шуда, ба масъалаҳои пешгирӣ ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак бахшида шуд.

 

Зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба пешгирӣ ва барҳамдиҳии меҳнати кӯдак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, иштирокчиён оид ба фаъолияти Шӯро дар самти пешгирӣ ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак, нақши нозирони меҳнат дар мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб ва натиҷаҳои таҳқиқоти меҳнати кӯдак дар доираи лоиҳаи дастгирии техникӣ дар бахшҳои маориф ва меҳнат маърӯзаҳо пешниҳод намуда, доир ба роҳҳои такмили фаъолият дар ин самт мубодилаи афкор намуданд.

 

Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти кӯдакон ва таҳкими тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо мебошад. Ҳамасола 12 июн ҳукуматҳо, иттиҳодияҳои корфармоён ва кормандон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон барои аз байн бурдани меҳнати кӯдак муттаҳид мегарданд.

 

Қайд карда шуд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, барои таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва роҳ надодан ба ҷалби ноболиғон ба шаклҳои бадтарини меҳнат равона гардидаанд.

 

Дар ҷаласа инчунин аз ҳамкории самараноки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ёдовар шуданд. Зикр гардид, ки соли 2019 маҷмӯаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба барҳамдиҳии меҳнати кӯдак бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони мақомоти дахлдор таҳия ва нашр гардидааст. Ҳамзамон, маводи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028 дар шакли китобча ба табъ расида, дастраси масъулин гардидааст.

 

Дар ҷамъбаст Норзода Шариф Сангинмурод ба иштирокчиён барои ҳамкории судманд изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки натиҷаҳои чорабинии мазкур барои тақвияти тадбирҳои пешгирӣ ва барҳамдиҳии меҳнати кӯдак, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон заминаи мусоид фароҳам меоранд.

11.06.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ