img
Тундгароии динӣ

АМАЛҲОИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТИВУ ТУНДГАРО барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хатари ҷиддӣ доранд 

 

Дар асри XXI тундгароии динӣ ба яке аз масъалаҳои ҳалталаби замони муосир табдил ёфта, баррасӣ ва ҷустуҷӯи роҳу воситаҳои паст намудани шиддати иртиҷоии он дар сиёсати хориҷӣ ва робитаҳои байналмилалӣ мавқеи намоёнро ишғол намудааст. Тундгароии динӣ - яке аз ҷиддитарин таҳдид ба тамаддуни муосир буда, бештар аз ҳама ба субот ва рушди мусолиҳатомези ҷомеаи башарӣ хатар дорад. Тундгароии динӣ маъмулан дар шакли амали ифротии таҳрибии иҷтимоӣ зоҳир шуда, ба амнияти  давлат ва рушди босуботи ҷомеа таъсир мерасонад.

 

Тундгароии динӣ бо тахриби бевоситаи объектҳо ва арзишҳои иҷтимоӣ,бо қатлу куштор ва террор, ки барои тундгароҳо шакли асосии амалисозии барномаи идеологиашон мебошад, алоқаманд аст. Таъсири идеологияи тунгароии динӣ боиси таҳрифи ҷаҳонбинии шахс ва нуқси ҷиддии равонии ӯ мегардад. Тундгароии динӣ гуруҳи калони одамонро ба доми худ андохта, ба афкор, ҷаҳонбинӣ ва шуури онҳо таъсир расонида, онҳоро ба гуруҳҳои хушунатомез ва ифротӣ табдил медиҳад. Аксар вақт қолаби динӣ фақат чун як рӯйпӯши муносибе барои тундгароёни динӣ ва терроризми байналмилалӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои ғаразнок хидмат мекунад.

 

Алҳол тундгароии динӣ ва муқобилат ба он ҳам барои давлатҳои алоҳида ва ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз муҳимтарин проблема мебошад. Миқёс ва ҷанбаи амалҳои террористии солҳои охир аз он шаҳодат медиҳанд, ки тундгароён ва террористон моҳият ва тарзи амали худро тағйир дода, ба як падидаи глобалӣ табдил ёфтаанд. Бояд моҳияти шаклҳои муосири зуҳури тундгароии динӣ ба таври возеҳ мушаххас шавад, то ин ки усулҳои муносиби муқобилият бо он,  роҳҳо, механизмҳои пешгирӣ ва решакан кардани он тарҳрезӣ шаванд. Дар ин иртибот бояд ба омилҳои зерин таваҷҷуҳ карда шавад:

 

Аввалан, миқёси рӯзафзуни густариши тундгароии динӣ, ки бевосита бо хушунати иҷтимоӣ алоқаманд аст, муайян карда шавад. Зеро минтақаҳои алоҳида таҳти зарбаи тундгароии динӣ қарор мегиранд ва гуруҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ба он фаро гирифта мешаванд. Тамоюли афзоиши тундгароии динӣ дар ҷаҳони муосир онро ба яке аз проблемаҳои глобалии муосир табдил додааст.

 

Дуюм, афзоиши ифротгароии динӣ. Афзоиши ин падида ончунон босуръат аст, ки дар афкори ҷамъиятӣ экстремизм истисноан бо ифротгароии динӣ ва бо баъзе намудҳои он айният дода мешавад. Шумораи ҳар чи бештари одамон, сарфи назар аз табақаи иҷтимоӣ, ҷонибдори ифротгароии динӣ мегарданд. Ин, махсусан, барои ҷавонон хос аст. Севум, мураккабӣ ва гуногуннавъии тундгароӣ ва ифротгароии динӣ бо ҷанбаи пинҳонӣ ва динамикӣ доштани он алоқаманд аст. Чунин хусусияти он дар шароити кунунӣ дарки нави ин падидаро ба асоси равиши системавӣ талаб мекунад, ки тадқиқоти амиқ ва усулҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва итилоотӣ-мантиқии мубориза бо падидаҳои манфии диниро пешбинӣ менамояд.

 

Тундгароии динӣ дар баъзе зуҳуроти худ ҷанбаҳои глобалиро ба худ гирифта, имрӯз барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба проблемаи ҷиддӣ табдил ёфтааст ва ҷиҳати созмондиҳии муборизаи муассир бо он саъю талоши муштараки давлатҳои гуногун, хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи онҳо ва аҳли ҷомеаи байналмилалӣ зарур аст. Дар айни замон, интихоб намудани стратегияи дуруст ва санҷидашудаи муқобила бо таҳдидҳои террористӣ хеле муҳим аст.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин масъала хеле бамаврид қайд намуда буданд, ки «Ғайр аз муборизаи мусаллаҳон бо терроризм ба ҳалли масоили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ки дар баъзе ҳолатҳо сабаби асосии тундгароӣ шуда метавонад, таваҷҷуҳи хос бояд зоҳир кард. Бо таваҷҷуҳ ба минтақаи мо бояд қайд кард, ки амалҳои гуруҳҳои ифротиву тундгаро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хатари ҷиддӣ доранд».

 

Воқеан, барои муқобилияти муассир бо тундгароии динӣ омӯзиши амиқи заминаҳои иҷтимоӣ, идеологӣ, иҷтимоӣ-фарҳангии зуҳур ва густариши он, ҳамчунин тадбирҳои пешгирикунанда, монанди огоҳ намудан, бартараф кардан ва қатъи ин падидаи манфӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ аҳаммияти муҳим пайдо мекунад. Муҳиммияти омӯзиши масъала низ бо чунин вазъият асосонок карда мешавад. Ҳамзамон, бояд ёдовар шуд, ки сиёсишавии дин ва зуҳури ифротгароии динӣ руҳияи тундгароии ҷавононро ба миён оварда, дар самти таҳкими давлатдории миллӣ таҳдиду хатарҳои нав ба навро эҷод намуда истодааст. Махсусан, ҷавонони Тоҷикистон, ки қишри осебпазири ҷомеа шинохта мешаванд, аз ҳама бештар зери таъсири ғояҳои ифротгароӣ ва тундгароии динӣ қарор гирифта, дар муқобили манфиатҳои миллӣ ва суботи сиёсии кишвар равона карда мешаванд. Аз ин рӯ, омӯзиши паҳлуҳои гуногуни зуҳури тундгароии динӣ, муайян намудани сабабҳои пайдоиш ва ҷустӯ намудани роҳу воситаҳои муқовимат бо ин падидаи манфӣ, омӯзиш ва таҳқиқи он масъаларо аз ҳарвақта дида, муҳимтару заруртар менамояд.

 

Решаи тундгароии динӣ аз давраи қадим оғоз меёбад. Тундгароҳои динӣ то пайдоиши ин истилоҳ вуҷуд доштанд. Тундгароии динӣ таърихан бо чунин ҳалқа рушд ёфтааст: аз террори инфиродӣ ба гуруҳӣ-маҳаллӣ ва оммавӣ. Барои терроризми муосир хушунати ҳар чи бештари оммавӣ хос аст. Хусусияти терроризми муосир дар пайванди он бо исломи тундгаро, терроризми қавмӣ ва ҷиноятии ҳимоятшуда аз тарафи сохторҳои мушобеҳи байналмилалӣ зуҳур меёбад. Дар адабиёти муосири иҷтимоӣ-фалсафӣ, ҳуқуқӣ ва дигар адабиёти илмӣ шарҳу тафсири гуногуни «тундгароии динӣ» вуҷуд дорад. Моҳияти тундгароии динӣ аз истифодаи фоиданок барои бунёдгароҳои динӣ иборат аст, яъне тарсонидани табиат ва маънои асосии бунёдгароии динӣ мебошад.

 

Дарк ва муайян кардани моҳияти тундгароӣ яке аз муҳимтарин проблемаҳои иҷтимоӣ-сиёсии муосир мебошад. Барои муқобилат бо тундгароии динӣ воситаи асосӣ аз байн бурдани омилҳо ва шароити бавуҷудоварандаи он мебошад. Дар ин иртибот таҳияи консепсияи пешгирӣ ва бетараф кардани ин падида зарур аст. Радикализатсияи ислом дар асри XX ба тарафи ифроти динӣ-сиёсӣ ва терроризм решаҳои амиқи ҷаҳонбинӣ дорад. Дар чорчубаи дини ислом мисоли равшани сафед кардани амали зӯрӣ доктринаи ҷанги муқаддас- «ҷиҳод» хизмат мекунад, ки аз тарафи пайравони нисбатан бунёдгарои исломӣ барои  дастрасӣ ба ҳадафҳои динӣ-сиёсии худ истифода бурда мешавад.

 

Тундгароии динӣ падидаи манфии иҷтимоӣ- сиёсӣ мебошад, ки ба носубот гаштани ҳаёти ҷомеа мусоидат намуда, рушди кишварҳои муосирро барбод медиҳад. Пайдоиши он бо якчанд сабабҳо: иқтисодӣ, иҷтмоӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва ғайра вобастагӣ дорад. Комилан равшан аст, ки маданияти ҳуқуқӣ-сиёсӣ ҳамчун падидаи ҳаёти маънавии инсон ба ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ таъсири муҳим мерасонад ва аз рӯи он ба сатҳи камолоти сиёсии аъзои ҷамъият баҳо медиҳанд. Дар зимни рушди рӯзафзуни таърихи сиёсии ҷомеа - ин на танҳо ташаккул ва рушди давлат, тасдиқ ва ивазшавии ин ё он шаклҳои сохтор ва идоракунии он, режимҳои сиёсӣ ва системаи сиёсӣ, балки рушди субъектҳои иҷтимоӣ мебошад. Ташаккули маданияти сиёсӣ-ҳуқуқии ҷавонони муосири Тоҷикистон дар давраи ҷаҳонишавӣ бо намудҳои асосии сотсиализатсияи сиёсӣ робитаи наздик дорад. Маънои омӯзиши маданияти сиёсӣ ва типҳои сотсиализатсияи сиёсӣ муайян кардани мехнизмҳои таҳкими суботи системаи сиёсӣ, инчунин, элементҳои эҳтимолии заиф ва деструктивӣ, муқаррар кардани мутобиқат ё ихтилофи маданияти сиёсии дар ҷомеа афзалиятдошта ва таҷрибаи ҷории сиёсӣ мебошад. Вобаста ба ноил гардидан ба типи зарурии сотсиализатсияи сиёсии ҷавонон, метавон дар бораи муқовимати бобарор ё бебарор ба радикализми динӣ ва ифротгароӣ дар ҷомеа сухан гуфт.

 

Дар қатори омилҳои тундгароии диниро ба вуҷудоваранда, ҳангоми таҳлили проблема дақиқ муайян кардани субъект - ҳомил ва объект аҳаммияти муҳим дорад. Тавре таҷриба нишон медиҳад, ба сифати чунинҳо метавонанд давлатҳои идеологияи динӣ-экстреместидошта, созмонҳои байналмилалии экстремистӣ, ҷараёнҳои сиёсӣ ва аҳзоби экстремистӣ, гуруҳи шаҳрвандон ва шахсони алоҳида баромад кунанд. Ҳамчун объекти тундгароии динӣ метавонанд шахсони алоҳида (лидерони сиёсӣ, динӣ ва ашхоси алоҳида), гуруҳи ашхоси тибқи аломатҳои умумӣ муттаҳидбуда, масалан, аз рӯи мансубият ба мазҳаби муайян; халқият ва миллат; системаи ҷамъият дар маҷмуъ ва тамоми институтҳои давлат, бошанд. Тундгароии динӣ дастгирии иҷтимоиро аз табақаҳое мегирад, ки онҳо ба табодули воқеӣ қодир бошанд ё ба сохти мавҷуда муқобилат намоянд. Дар чунин шароит бояд маърифатнокии сиёсии ҷавонон баланд бардошта шавад, то он тавонад омили воқеии муқовимати бобарор бар зидди радикализми динӣ гардад.

 

Муҳиммии масъалаи баланд бардоштани маърифатнокии сиёсии ҷавонон ҳамчун омили коҳишдиҳандаи таъсири радикализми динӣ тавъам бо фазои иттилоотии Осиёи Марказӣ, алоқаманд буда, тарҳи эҳтимолии паҳншавии онро дар ин ҷо нишон медиҳад, ки табиатан, ба системаи умумии амнияти тамоми давлатҳои минтақа таъсири манфӣ мерасонад. Ба ин сабаб, механизми аз ҳама муассири муқовимат ба тундгароии динӣ ва терроризм, метавонад ҳамкории мутақобилан судманди мақомоти салоҳиятдори кишварҳои Осиёи Марказӣ дар полоиши (филтратсияи) захираҳои иттилоотӣ бошад. Амалишавии чунин иқдом зарур аст, зеро ҷаҳоншавии ҷараёнҳои иттилоотӣ имкониятҳои навро барои рушди прогрессивии инсоният боз намуд, инчунин, ба пайдоиши таҳдидҳои сифатан нави глобалӣ боис шуд, нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар паҳн кардани ғояҳои радикализми динӣ ва экстремизм дар сатҳи байналмилалӣ тақвият ёфт.

 

 

ХОҶАЕВ Ҳикматулло Ҳимматович,

коршинос

01.05.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ