Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуи шаҳрвадон оид ба кори мавсимӣ дар Британия Кабир чунин иттилоъ медиҳад.
Айни замон МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»-и Хадамоти муҳоҷират бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир танҳо бо ширкати Про-Форси Британияи Кабир шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Бақайдгирии шаҳрвандон барои кори мавсимӣ дар Британияи Кабир танҳо тавассути МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст.
Хоҳишмандон метавонанд бо шиносномаи худ ба суроғаи зерин барои номнависӣ муроҷиат кунанд: ш. Душанбе, кўчаи Айни 121, телефонҳо 2250575, 2250221.
Раванди ба кор таъминкунии шаҳрвандон дар доираи барномаи кори мавсимӣ дар Британияи Кабир танҳо дар асоси озмун бо иштироки намояндагони ширкат амалӣ карда мешавад.
Баъд аз гузаштан аз озмун, хароҷотҳо вобаста ба омода кардани раводид ва арзиши чиптаи ҳавоӣ аз ҷониби худи номзад пардохт карда мешавад.
Тамоми хизматрасониҳои МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»-и Хадамоти муҳоҷират барои бақайдгирии шаҳрвандон РОЙГОН мебошад.
Аз ин хотир, Хадамоти муҳоҷират аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки ба ягон нафар ё ширкати миёнарав боварӣ накунед ва ҳангоми даст задан ба ҳолатҳои пешниҳоди кори қалбакӣ дар Британияи Кабир ба телефонҳои боварии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон занг занед.
Рақамҳои боварии Хадамоти муҳоҷират: 225-07- 28
Рақамҳои боварии МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе: 225-07-33