img
ҶОЙИ КОРИИ ХОЛӢ ДАР ЛОИҲАИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

 

Ҳукумати Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) барои татбиқ намудани “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ маблағи грантӣ дастрас намуд. Ҳадафи лоиҳа ин дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи оилаҳои камбизоат ва осебпазир аз хавфҳо, мусоидат ба фарогирии иқтисодӣ ва такмили низоми ҳифзи иҷтимоӣ мебошад.

 

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби ду агентии татбиқкунанда аз ҷумла, Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ГТЛ ВММША) ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ГТЛ ВТҲИА) татбиқ карда мешавад.

Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқ намудани чорабиниҳои Қисмати 2 ва 4,2-и лоиҳа масъул мебошад.

ГТЛ ВММША барои саривақт ва мақсаднок татбиқ намудани чорабиниҳои Қисмати 2 ва 4,2-и лоиҳа ҷойи кории холӣ аз рӯйи вазифаи зерин эълон мекунад:

 

  1. САРМУТАХАССИС ОИД БА ХАРИД  

 

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба рақамҳои зерин тамос гиред: +992 985886585 ё почтаи электронӣ: bsiyovush@gmail.com  

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 19 январи соли 2024 то соати 10:00

10.01.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ