img
САФАРИ ГУРУҲИ КОРӢ БА НОҲИЯИ ҚУБОДИЁНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Ноҳияи Қубодиён рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад. Мардуми шарафманди ноҳия мекӯшад барои сазовор истиқбол гирифани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкориро боз ҳам тақвият бахшида, дар ободу зебо гардонидани диёри худ саҳми босазо гузорад.

Дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари кории намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, вазъи корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла истифодаи самараноки заминҳо, кишти такрорӣ, таъмини оби нӯшокӣ ва полизӣ, ҷамъоварии ҳосил, захираи маҳсулоти ғизоӣ ва вазъи рӯзгори мардум оғоз шуда,  фаъолияти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи ноҳия мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифтанд. 

Зимни сафари кории худ Гулнора Ҳасанзода ҳамроҳ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ноҳия дидан намуда, ба корҳои кишоварзӣ аз наздик шинос шуд.

Маврид ба таъкид аст, ки иҷрои дастуру  супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин, барои таъмини аҳолии кишвар бо маводи хӯрокворӣ тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат менамояд.

Боду ҳаво ва иқлими ноҳияи Қубодиён имкони истифодаи заминҳоро бо гирифтани зиёда аз 2 ҳосил доро буда, имрӯз дар аксари майдони ғалладона ва картошка баъди ҳосили якум кишти такрорӣ ҷараён мегирад.  Ин усули манфиатбахш дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти Заркамар, Утақара Назаров, Ишмурод Ниёзов, 20-солагии Истиқлолият, Носири Хусрав, Тахти сангин ва Навобод, ки деҳқонон ба ҷамъоварии ҳосил ва кишти такрорӣ машғул буданд, равшан ба назар расид.

Инчунин, зимни шиносоӣ роҳбари гурӯҳи корӣ аз истифодаи  заминҳои наздиҳавлигӣ дидан намуда, бовар ҳосил кард, ки сокинони заҳматпешаи ноҳия аз онҳо самаранок истифода намуда, дар баробари картошкаву пиёз, пунбаи пахта низ кишт намудаанд, ки ин таҷриба бесобиқа мебошад.

Бо мақсади ба танзим даровардани нархи маҳсулот ва дастрасии шаҳрвандон бо сабзаҷот дар дилхоҳ фасли сол бунёди гармхонаҳо дар ҳудуди ноҳия майли афзудан дорад. Бо ин ният  кишоварзону сокинон аз ду навъи гармхона - доимоамал ва мавсимӣ самаранок истифода мебаранд ва ҳатто дар заминҳои назди ҳавлигиашон онҳоро ташкил намудаанд, ки ин боиси фаровонии бозорӣ истеъмолӣ мегардад.

Боздид аз фаъолияти сохторҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва иҷтимоии ноҳия, шиносоӣ бо вазъи хизматрасониҳо ва дастрасии аҳолӣ ба онҳо яке аз чорабиниҳои барномаи сафар маҳсуб шуда, дар ин росто маълум гардид, ки  дар аксари ҷамоатҳо сохтмони  синфхонаҳои иловагӣ ва бунёди муссисаҳои томактабӣ тибқи нақша бо маром идома дорад ва  дар соли нави хониш мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Бояд афзуд, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ аксаран аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст  ва волидайни хонандагон ҷараён доранд, ки инро метавон намунаи олии дастгирии соҳаи мактабу маориф дар ҳудуди ноҳия арзёбӣ намуд.  Аз ҷумла, дар МТМУ шумораи сенздаҳи ҷамоати деҳоти Заркамар, ки соли 1947 бунёд шудаву дар он 713 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ҷои нишаст нокифоя аст ва акунун бо дастгирии соҳибкорон ва волидайни хонандагон дар ҳудуди муассисаи мазкур синфхонаҳои иловагӣ бо тамоми шароити таълим сохтаву норасоии синфхонаҳо бартараф карда шудааст.

Ҳамчунин, зимни боздид вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти сохтмони Литсейи касбии техникии ноҳияи Қубодиён шинос гардид. Фармоишгари муассисаи мазкур МД “Раёсати сохтмон ва корҳои таъмирии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда, корҳои сохтмонии он аз ҷониби пудрачи ҶДММ “Фаридун Д” ҷараён доранд. Масоҳати бино 1,3 гектарро ташкил дода, дар назди он сохмони бинои хобгоҳ ва майдончаи варзишӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Тибқи лоиҳаи ангоравӣ литсейи мазкур  аз ду ошёна иборат буда, синфхонаҳои замонавӣ бо муосиртарин технологияи касбомӯзӣ  таъмин карда мешаванд. Мувофиқи нақша сохмтони бинои мазкур соли 2026 мавриди баҳра қарор хоҳад гирифт.

Ҳамзамон,  дар ноҳия сохта ба истифода додани бинои шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ низ ба нақша гирифта шуда, айни замон  барои он замин ҷудо гаштаву лоиҳаи ангоравиаш таҳия гардидааст, ки дар доираи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони он шуруъ мегардад.

Тавре маълум аст, соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок маҳсуб шуда, зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар идомаи боздиди худ роҳбари гурӯҳи корӣ Гулнора Ҳасанзода аз бинои Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон дидан намуд. Бинои мазкур бо муосиртарин технология таъмин гаштаву мутахасисони варзидаи соҳаи тиб ин ҷо кору фаъолият намуда, ба сокинони ноҳияи Қубодиён ва гирду атрофи он хизматрасонии босифати тиббиро анҷом медиҳанд. Маҷмааи тандурустӣ 19 шуъба дошта, бо таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ пурра муҷаҳҳаз гардонда шудааст, ки барои ташхиси дақиқу муолиҷаи саривақтии беморон муҳим мебошад. Бо таъмини чунин шароити муосир акнун сокинон дар маҳалли зисти худ бо харҷи камтарин маблағ ва сарфаи вақт табобат мегиранд. Дар ҷамоати деҳоти Ишмурод Ниёзови ноҳия бошад, Гулнора Ҳасанзода аз маркази саломатӣ ва таваллудхонаи деҳаи Зиракӣ дидан намуд, ки он бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, бо шароити муосир комилан таъмин мебошад.

Дар идома, бо мақсади ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот дар бозорҳову нуқтаҳои муайян ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти арзону босифати кишоварзӣ роҳбари гурӯҳи корӣ аз бозори маркази ноҳияи Қубодиён дидан карда, бо фурӯшандагон суҳбат орост ва ҷиҳати танзими нарху навои бозор ба масъулин дастуру  супоришҳои мушаххас дод.

Пас аз боздид ва шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии  ноҳия дар бинои МИҲД мулоқоти роҳбари гурӯҳи корӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо роҳбарон ва фаъолон баргузор гардид, ки  дар он ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар панҷ моҳи соли 2023  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта шуд, ки дар панҷ моҳи соли равон нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ таъмин гардида, сафарбаркунӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз муҳлат иҷро шудааст. Бахусус ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар деҳоти ноҳия сатҳу сифати нав касб намуда, аз 129 ишооти бунёдшавандаи бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 56 иншоот ё 43,4 фоиз мавриди истифода қарор дода шудааст, ки ин нишондиҳандаи назаррас мебошад.

Зимни суханронӣ Гулнора Ҳасанзода аз роҳбарону фаъолони ноҳияи Қубодиён даъват ба амал овард, ки бо дарки баланди ҳисси миллӣ ва ҳувияти ватандорӣ беш аз пеш ба ҳушёриву зиракӣ ва роҳандозии тадбирҳои муассир дар ҳамбастагиву ягонагӣ баҳри таъмини сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва созадандагию ободкорӣ дар партави ҳидояҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намоем.

Лозим ба ёдоварист, ки вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода зимни боздид аз ҳар иншооти ҷашнӣ бо сокинон ва кормандон мулоқоти гарм анҷом дода, онҳоро ба ободкорию созандагӣ ва саҳмгузорӣ барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуд.

 

Фаррух Файзуллоев

 

 

 

19.06.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ