img
Стратегияи рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040

“Тавассути барномаҳои таълимии муосир омода кардани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисос, омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба шаҳрвандон ва саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад”.                                                                                                                                                                                                                                    Эмомалӣ Раҳмон

 

           Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба сохторҳо ҷорӣ намудани низоми нави таълим ва таҳкими механизмҳои роҳандозии сиёсати пешбурди таҳсилот Стратегияи рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040-ро таҳия намуд.

            Стратегияи мазкур бо мақсади тайёрии касбии аҳолии қобили меҳнат, рушди таълими касбӣ, омода намудани захираҳои меҳнатии ба талаботи бозори дохил ва хориҷи кишвар ҷавобгӯ, фароҳам овардани шароит ба ҳунаромӯзӣ ва таъмин намудани аҳолӣ ба шуғли пурмаҳсул аз ҳисоби ҷавонон, калонсолон, занону духтарон, муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони бешуғл, шахсони имконияташон маҳдуд ва табақаҳои дигари осебпазир, омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ ва усулҳои муосири ҳунаромӯзӣ, беҳтар намудани заминаҳои моддию техникӣ ва таълимию методӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии ҳайати омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолӣ мутобиқ ба талаботи корфармо ва ғайра таҳия гардидааст.

             Стратегия санади асосии муайянкунандаи сиёсати давлатӣ дар рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир буда, мақсад ва вазифаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат, тамоюл ва самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ ва рушди ҳунармандиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Таваҷҷуҳи бештар ба сифати таълим, инчунин малакаҳои касбӣ ва салоҳиятҳое зоҳир мегардад, ки ҷавонон ва калонсолон дар ҷараёни таълим ба даст меоранд. Дар замони муосир дастовардҳои шахсии ҳар як шаҳрванд ба қобилияти мутобиқшавии ӯ ба дигаргуниҳо ва донишомӯзии доимии ӯ вобаста аст.

              Дар Стратегия тартиби ҷорӣ намудани низоми нави таълим дар асоси стандарти салоҳиятҳои касбӣ ва барномаҳои модулӣ дар муассисаҳои таълимии системаи вазорат ва марказҳои ҳунармандӣ дар шаҳру ноҳияҳо, инчунин марҳила ба марҳила ба хизматрасониҳои электронӣ ва рақамикунонӣ гузаштани низоми бақайдгирӣ ва фарогирии шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ва дигар паҳлуҳои он инъикос ёфтаанд. Низоми таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз нигоҳи иқтисодӣ устувор ва ба стандартҳои низоми таълим ва низоми байналмилалии арзёбии сифат мувофиқат кунад.

           Тавре дар Стратегияи мазкур омадааст, ҳамкориҳо бо бахши хусусӣ таҳким дода шуда, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва инфрасохтори рақамӣ бояд амалӣ карда шавад. Стратегия, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо ҷиҳати устувории мавқеи касбомӯзон дар таъмини истиқлолияти иқтисодии Тоҷикистон ва ҳалли масоили муҳимтарини иҷтимоӣ, аз ҷумла бакортаъминкунӣ ва бамаротиб паст кардани сатҳи камбизоатӣ шароити мусоидро фароҳам меоварад.

             Тибқи Нақшаи амали Стратегия барои давраи то соли 2030 вазифаҳои калидӣ пешбинӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, таъмини дастрасӣ ва иштироки баробар дар таълими калонсолон ва ҳунарҳои мардумӣ барои ҳама дар тӯли ҳаёт, баланд бардоштани сифати таълими калонсолон ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷорӣ намудани навовариҳои техникию технологӣ дар рушди соҳаи таълими калонсолон ва ҳунарҳои мардумӣ, беҳтар кардани сатҳи маърифат ва омодагии касбӣ барои тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла калонсолон, занон, ҷавонон, шахсони имконияташон маҳдуд ва муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҳисоби маблағҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ҷалби шарикони рушд ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони расман бекор, бо дастгирии буҷети давлатӣ, шарикони рушд ва шахсони алоҳида таъмиру азнавсозӣ ва таҷҳизонидани марказҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани касбу ихтисосҳои нав, инчунин омузиши забонҳои хориҷӣ, ҷорӣ намудани шуғли фосилавӣ, муҳайё намудани бозорҳои устувор ва нуқтаҳои савдо, растаҳои фурӯши маҳсулот, фароҳам овардани шароит барои тиҷорат, инкишоф додани инфрасохтори иттилоотии муосир дар асоси истифодаи технологияҳои пешрафтаи иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ғайра.

           Нақшаи амали Стратегия барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешбинӣ гардидааст. Амалишавии Стратегия дар асоси татбиқи Барномаи миёнамуҳлати он сурат мегиранд. Маблағгузории амалисозии Стратегия ва барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи он дар доираи маблағҳои буҷети ҳамасола барои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеи он пешбинишуда, инчунин маблағҳои махсус, ҷалби маблағҳои бахши хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода мешавад. Татбиқи Стратегияи рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ба таҳкими нерӯи инсонии мамлакат, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, таъмини шуғли пурмаҳсул ва устувории иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.

Мирзозода Мирзоаҳмад Саид - Муовини директори

Муассисаи давлатии “Маркази таҳияи стандартҳои

салоҳияти касб”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

08.10.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ