Ҳамдиёрони азиз!
Бо камоли ифтихору фараҳмандӣ аз номи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шуморо ба муносибати муқаддастарин ва олитарин ҷашни мардуми кишвар 32–юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегўям.
Истиқлол ганҷи бебаҳо, рамзи асолату ҳувияти миллӣ ва шарти бақои таърихии давлат буда, барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.
Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи шоиставу ибратбахш буда, дар як муддати кӯтоҳтарин аз санҷишҳои таърих сарбаландона гузашт.
Истиқлоли давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик тасмияти сиёсӣ пайдо намуд.
Боиси ифтихору сарбаландист, ки дар тамоми кишвари азизамон бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободониву бунёдкориҳо мунтазам вусъати тоза мегиранд.
Ба истифода додани даҳҳо иншооти ҷашнӣ, обод гардидани садҳо километр роҳ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолият шуруъ намудани даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва амсоли он аз дастовардҳои даврони истиқлолият маҳсуб мешаванд.
Ин дастовардҳо шаҳодати равшани он аст, ки мо дар ватани биҳиштосои худ бо меҳнати софдилонаву содиқона ва кору фаъолияти созандаву ободгарона дар солҳои наздиктарин барои ҳар як фарди кишвар зиндагии шоиста ва рўзгори ободро фароҳам меоварем.
Дар марҳилаи кунунӣ ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки муҳофиз ва нигоҳдори Истиқлоли давлатӣ бошад ва бо эҳсоси баланди ватанхоҳию сулҳпарастӣ онро ба наслҳои оянда комилу бегазанд ба мерос гузорад.
Бори дигар ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро, бо ҷашни ҳуҷаставу муқаддаси миллӣ 32–юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, бароятон саломатии бегазанд, саодати рӯзгор, зиндагии ободу осуда ва шукуфоии ҳамешагии кишварро хоҳонам.
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша пойдору устувор ва ҷовидон бод!
Ҷашни бузурги Истиқлол муборак!