Маърифат ва фарҳангу ахлоқи мардуми ҳар давлат, пеш аз ҳама, аз одобу дониш ва маданияти оиладорӣ сарчашма мегирад. Аз аҳди тамаддуни ориёӣ то имрӯз оилаву оиладорӣ муқаддас ва асоси давлат ба ҳисоб меравад.
Дар ҷомеаи муосири тоҷик оила яке аз муҳимтарин ниҳоди иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Маҳз оила ҳамчун омили асосии интиқолдиҳандаи нақшҳо ва симоҳои мадании байни наслҳо буда, дар иҷтимоишавии ҷомеа саҳми бузург дорад.
Ҷомеа бе оила вуҷуд дошта наметавонад, чунки оила пойдевори ҷомеа аст. Агар тарбияи оилавӣ дуруст ба роҳ монда шавад, зинаҳои дигари ҳаёти фарзандон бо муваффақият паси сар мегарданд, ё баръакси ҳол, агар дар оила нофаҳмиву беаҳамиятӣ нисбат ба фарзандон ҳукмфармоӣ кунад, ин ба пайдоиши кӯдакони душвортарбия боис мегардад.
Дар моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳӣ манъ аст.”.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша оиларо зери ҳимояи худ қарор дода, нақши босазои онро дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, пос доштани таъриху фарҳанги ниёгон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тайёр намудани насли ояндасоз хеле баланд арзёбӣ менамояд.
Бо назардошти муҳим будани мақоми оила ҳамчун ячейкаи ибтидоии ҷомеа, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ дар масъалаи ғамхорӣ ба ин ниҳод, баланд бардоштани нақши оила дар ҷомеа, масъулияти оила дар таълиму тарбияи фарзанд ва тақвияти муносибатҳои созанда диққати ҷиддӣ дода, соли 2015-ро “Соли оила” эълон намуда буданд.
Бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шуд.
Зимнан, дар нигоҳ доштани оилаи солим дар ҷомеа, вобаста ба дигаргуниҳои раванди иҷтимоию сиёсӣ, масъалаҳои ҳалталаб ҳанӯз ҳам ҷой доранд.
Равандҳои босуръати ҷаҳонишавӣ тақозо менамоянд, ки арзишҳои миллӣ дар фарҳанги оиладорӣ нигоҳ дошта шаванд. Аммо дар муносибатҳои оилавӣ мушкилоти зиёде ҷой доранд, ки сабаби пош хӯрдани оила гардида истодаанд. Коҳиш ёфтани сатҳи фарҳанги муносибатҳои оиладорӣ дар ҷомеа, ба таври зарурӣ дарк накардани ҳифзи арзишҳои оиладорӣ, ки сарчашмаи дӯстию вафодорӣ, иззату эҳтиром ва дастгирию ҳамдигарфаҳмӣ байни аъзои оила мебошанд, фаҳмиши воқеии мафҳуми оиларо заиф гардонидааст.
Дар айни замон масоили ташвишовар дар ҷомеа ин аст, ки сол аз сол ҷудошавии оилаҳо, хусусан ҷавонон ба назар мерасад.
Сабабу омилҳои мусоидаткунанда ба раванди мазкур, пеш аз ҳама, муносибатҳои нодурусти оилавӣ байни падару модар ва фарзандон, баҳсҳои оилавӣ байни зану шавҳар, вуҷуд надоштани ҳамдигарфаҳмӣ дар байни аҳли хонавода, таваллуди фарзанди маъюб, зӯроварӣ дар оила, сатҳи пасти саводнокӣ, бекорӣ, мушкилоти молиявӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, инчунин таъсири филмҳои пур аз саҳнаҳои муноқишавии оила, истифодаи нодурусту ғайримақсадноки сомонаҳои иҷтимоӣ, воситаҳои иттилоотӣ ва ғайра мебошанд.
Омили дигар, ин барвақт хонадор кардани фарзандон мебошад, ки дар натиҷаи надоштани дониш ва малакаҳои зарурӣ, омода набудани навхонадорон ба зиндагии мустақилона, ҳаёти якҷоя дер давом намекунад, ё дар оила мушкилиҳои моддиву маънавӣ пеш меоянд, ки муҳити солими оиларо вайрон менамоянд.
Яке аз сабабҳои бекор гардидани ақди никоҳ дар солҳои охир, ин рафтори нодурусти иддае аз шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Онҳо бо мақсади ба даст овардани шаҳрвандии дигар давлат (бахусус Федератсияи Россия) ақди никоҳи худро бекор мекунанд. Яъне, онҳо бекор шудани ақди никоҳи худро дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд мегиранд, аммо тибқи расму оини динӣ зиндагии якҷояи худро идома медиҳанд.
Ба андешаи таҳлилгарон, ҷиҳати пешгирии раванди афзоишёбии теъдоди ҳолатҳои бекоршавии ақди никоҳ, амалигардонии тадбирҳои зерин ба манфиати кори устуворгардонии оилаҳо мебошад:
- татбиқи тадбирҳо дар самти тақвиятбахшии нақши оила дар ҷомеа;
- ҳифзи оила ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоӣ, фарҳангӣ, нигоҳдории анъанаҳои маънавӣ ва ахлоқӣ дар муносибатҳои оилавӣ;
- баланд бардоштани саводнокии молиявии аъзои оила;
- ташаккули механизми дастгирии оилаҳо бо мақсади беҳтар намудани шароити зисти онҳо;
- таъмини қатъии татбиқи меъёри қонунгузорӣ оид ба бақайдгирии давлатии ақди никоҳ;
- мусоидат ба татбиқи имкониятҳои тарбиявӣ ва фарҳангии оила ва боло бурдани сатҳи маърифати оиладорӣ;
- мусоидат ба таъмини иҷтимоии оилаҳо ва кӯдаконе, ки ба дастгирӣ ниёз доранд;
- пешгирии зуроварӣ дар оила, алалхусус нисбат ба занон ва кӯдакон;
- истифодаи васеи имкониятҳои воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои интернетӣ баҳри ба ҷомеа расонидани моҳияти дастгириҳои давлатии иҷтимоӣ, ки ба таҳкими оила нигаронида шудаанд;
- баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус занону наврасон ва муҳоҷирони меҳнатӣ;
- ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, мероси пурғановати гузаштагон;
- ташкил намудани машваратхонаҳои оилавӣ (равоншиносон, ҳуқуқшиносон).
Татбиқи тадбирҳои мазкур имкон медиҳад, ки масъулияти оила ҳамчун ниҳоди ҷамъиятӣ дар раванди ба камол расонидани насли солими ояндасоз, бедор намудани ҳисси ватандӯстию инсондӯстӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, ба таълиму тарбияи мутобиқи талаботи замони муосир фаро гирифтани насли наврас, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба маротиб меафзояд.
Бону МАЛЛАЕВА,
Мутахассиси пешбари
Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳои
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
магистранти “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”