Имрӯз, 18 майи соли равон вохӯрии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадуллозода Нурулло бо намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ доир гардид, ки дар он баррасии масъалаҳо марбут ба суғуртаи тиббии кормандон дар ташкилоту корхонаҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.
Зимни суханронии худ муовини вазир таъкид намуд, ки вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи суғуртаи тиббии кормандонро муҳим ва зарур меҳисобад, зеро он ба манфиати кормандон буда, ба тақвияти ҳифзи саломатии онҳо ва рушди сифати хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки бо назардошти тибқи моддаи 341 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи кормандон аз ҷониби корфармоён тибқи тартиб ва шартҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ба суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ ё дигар осеб ба саломатӣ вобаста бо иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ бояд фаро гирифта шаванд. Маблағҳои суғуртаи иҷтимоии давлатӣ барои кумакпулиҳо (кумакпулиҳои корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, дафн, кумакпулиҳои оилавӣ ва дигар кумакпулиҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд), харҷ карда мешавад.
Ҷонибҳо доир ба усулу воситаҳои минбаъд ба суғуртаи тиббӣ фаро гирифтани ҳамаи кормандони бахшҳои иқтисодиёт, аз ҷумла кироякорон, шахсони шуғли мустақилона дошта ва ғайрирасмӣ фаъолиятдошта ибрози андеша намуданд.
Зимни вохӯри зикр гардид, ки такмили низоми суғуртаи тиббӣ барои кормандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти вазъи иҷтимоию меҳнатӣ, талаботи аҳоли ва таҷрибаи пешрафтаи ҷахонӣ қобили таваҷҷуҳ аст.
Дар фарҷом тарафҳо омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар доираи ҳадафҳо ва барномаҳои муштарак баён доштанд.