Имрӯз 9 уми сентябри соли ҷорӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ дар чорабиниҳо идонаи ноҳияи Қубодиён бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Сокинони ноҳияи Қубодиён ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии кишварро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд.
Ба ин муносибат дар ноҳия як қатор чорабниҳо, аз ҷумла ба истифода додани иншооти ҷашнӣ сурат гирифт.
Ҳамчунин субҳи имрӯз дар саҳни қасри фарҳанги ноҳия намоиши дастовардҳои соҳаҳо, маҳсулоти хоҷагии халқ ва ҳунари дастии сокинон доир гардида, аз ин намоиш намояндаи Ҳукумати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ ва дигар ҳайати расмӣ дидан намуданд.
Маҷлиси тантанавӣ дар толори қасри фарҳанг баргузор гардида, раиси ноҳия ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-роҳбари гурӯҳи корӣ Ширин Амонзода сокинони ноҳияро ба муносибати ин иди фархундаи миллӣ табрику таҳният гуфтанд.
Аз ҷумла, Ширин Амонзода қайд намуд, ки
Истиқлоли сартосарии кишаар бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам буда, натиҷаи интихоби роҳи дурусти рушди кишвар дар ҳамаи соҳаҳост.
Зикр гардид, ки имрӯз дар баробари таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, мактаби бузурги давлатсозӣ ва давлатдории Пешвои муаззами миллат мавриди омӯзиш қарор дорад.
Имрӯз корҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкории сартосарӣ, ки дар мамлакат бо ҷалби тамоми қишри аҳолӣ баамал омаданд, бевосита аз ташаббуси Сарвари давлат ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Ҳамчунин қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурӣ баҳри рушду пешрафти маҳал, ҳифзи суботу оромӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат тамоми чораҳоро андешида, ҷиҳати боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум ҳамаи имкониятҳоро сафарбар менамояд.
Дар идомаи чорабинӣ барои хизматҳои шоён, дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, саҳм гузоштан дар рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия аз ҷониби вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён роҳбарият ва фаъолони ноҳия бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шудаанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ бахши фарҳанги ноҳия барои иштирокдорон барномаи ҷолиби театрикунонидашуда ва консертиро пешниҳод намуд.