Имрӯз, 8 декабри соли ҷорӣ Маҳмадуллозода Нурулло - муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд мулоқоттанҷом дод.
Зимни мулоқот лоиҳаи озмоишии Бонки Осиёии Рушд оид ба муқовимат бо озори ҷинсӣ ва пешгирии падидаи мазкур ҳангоми фаъолияти меҳнатии занон дар татбиқи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ мешаванд, ба хусус дар корҳои сохтмонӣ баррасӣ гардид.
Зикр гардид, ки зуҳури падидаи мазкур монеаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кормандон, бахусус занон дар меҳнат ва шуғл буда, он аз ҷониби ҳамаи ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд маҳкум ва пешгирӣ карда шавад. Вазорат барои ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии Рушд дар татбиқи ин лоиҳаи озмоишӣ изҳори омодагӣ намуд.
Ҷонибҳо ҷиҳати дар доираи лоиҳаи мазкур ташкил ва баргузор намудани тренингҳои омузишӣ барои кормандони сохторҳои вазорат дар самти ошкор ва пешгирӣ аз ҳолатҳои эҳтимолии озори ҷинсӣ дар фаъолияти меҳнатӣ ба мувофиқа расиданд.