Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун институти илмӣ-таҳқиқотии соҳавӣ, мувофиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 1992, №44 «Масъалаҳои филиалҳои пажуҳишгоҳҳо ва институтҳои (бюроҳои) лоиҳакашию конструктории иттифоқии ба ихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда» дар заминаи Шуъбаи тоҷикистонии Институти илмӣ-таҳқиқотии меҳнати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ таъсис ёфтааст.
Баъдан мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2001, №124 «Дар бораи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номи муассиса ба МД «Пажӯҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ»-и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуда, ба зиммаи он дар баробари таҳқиқи масоили меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин таҳқиқоти илмии масъалаҳои марбути ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ вогузор гардид.
Бо таҷдид гардидани сохтори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 3 марти соли 2014, №146 «Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохтори Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» низ куллан тағйир ёфт ва он ба ҳайси идомадиҳандаи таҳқиқоти илмӣ дар ҷодаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таҳти унвони Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» рӯйи кор омад.
Оинномаи муассиса аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ моҳи апрели соли 2014 тасдиқ карда шудааст.
Сохтори Пажуҳишгоҳ. Дар таркиби Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз сохторҳои зайли илмӣ-тадқиқотӣ фаъолияти самаранок доранд:
- шуъбаи бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ;
- шуъбаи ҳифзи меҳнат;
- шуъбаи танзими масъалаҳои муҳоҷират;
- шуъбаи таҳсилоти касбӣ ва тайёр намудани кадрҳои коргарӣ;
- шуъбаи меъёрбандӣ, музди меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ.
Самтхои асосии фаъолияти илмии Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ин ташкил ва анҷом додани корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои рӯзмарраи муносибатҳои меҳнатӣ, рушди шарикии иҷтимоӣ, меъёрбандӣ ва музди меҳнат, ҳифзи меҳнат, танзими бозори меҳнат ва бо шуғл фарогирии шаҳрвандони қобили меҳнат, танзими муҳоҷирати аҳолӣ, аз он ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ, дохилӣ ва экологӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон, татбиқи натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотӣ дар фаъолияти сохторҳои таркибии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои дахлдори ҷумҳурӣ, расонидани кӯмакҳои машваратӣ ва илмию методӣ тибқи масъалаҳои ба салоҳияти муассиса тааллуқдошта ба сохторҳои таркибии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои дахлдори ҷумҳурӣ, омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи пешқадами ватанию ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бозори меҳнат, шуғл, муҳоҷират, касбомӯзӣ, меъёрбандӣ ва музди меҳнат ба ҳисоб мераванд.
Дар айни замон Муассиса дорои 40 воҳиди корӣ буда, дар он 38 нафар корманд машгули кор мебошад. Дар пажуҳишгоҳ 4 нафар доктори илм ва 9 нафар номзади илм, 7 аспирант ва унвонҷуён фаъолият доранд.
2. Мавзуъҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии фармоишӣ, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад (бо ишораи рақами қайди Маркази миллии патенту иттилоотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ).
Ходимони илмии пажуҳишгоҳ айни замон тибқи нақшаҳои кори илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2022-2026 аз рӯи мавзӯи “Асосҳои иҷтимоӣ-меҳнатии таъмини шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” кор бурда истодаанд.
3. Дастовардҳои илмӣ
Тавре аз натиҷаҳои фаъолияти таҳқиқотии ходимони илмии ин боргоҳи илми соҳавӣ бармеояд, аз соли 1992 то семоҳаи якуми соли 2023 аз тарафи олимону ходимони пажуҳишгоҳ зиёда аз 147 ҳисоботи илмӣ, барномаҳои методӣ, барномаҳо ва консепсияҳои рушд, тавсияномаҳо ва тавсияҳои методӣ оид ба проблемаҳои зикргардида омода карда шудаанд.
Инчунин, аз ҷониби Пажӯҳишгоҳ дар самтҳои муҳоҷират, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ зиёда аз 20 кори илмию таҳқиқотӣ ба сомон расонида шуд. Олимони Пажӯҳишгоҳ дар ин давра 23 монография ва 12 китобро дар мавзӯҳои гуногун таҳия намуда, дар панҷ соли охир дар шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ оид ба самтҳои фаъолияти вазорат 28 маротиба пурсишҳои сотсиологӣ гузаронидаанд.
Дар назди Пажӯҳишгоҳ тӯли 10 соли охир семинари методологӣ дар мавзӯи «Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» мунтазам доир мегардад, ки дар он олимону ходимони намоёни кишвар ва Пажӯҳишгоҳ баромад мекунанд.
4. Татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар амалия ва истеҳсолот
Натиҷаи таҳқиқотҳо ва тавсияҳои илмии Пажӯҳишгоҳ барои тартиб додани барномаҳо, консепсияҳо ва стратегияҳои давлатӣ, дар фаъолияти вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои зертобеъи он, аспирантҳо ва унвонҷӯйён, истифода бурда мешавад.
5.Фаъолияти илмӣ-ташкилӣ
Ҳайати Шӯрои илмии Пажӯҳишгоҳ аз 18 нафар иборат буда, аз тарафи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Раиси он директори Пажӯҳишгоҳ, муовини раис – муовини аввали директор оид ба корҳои илмӣ мебошанд. Дар ҷаласаҳои Шӯрои илмӣ масъалаҳои марбутаи Пажӯҳишгоҳ: ҳисоботҳои илмӣ, натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмӣ, баланд бардоштани самаранокии онҳо, нақшаҳои корҳои илмӣ, ҳисоботҳои илмӣ, рафти иҷрои нақшаҳои корҳои илмӣ, инчунин, масъалаҳои тайёр кардани монографияҳо ва мақолаҳои илмӣ, баррасӣ карда мешаванд.
Дар соли 2021 бо дастгирии роҳбарияти вазорат ва маблағгузории Хазинаи нуфузи СММ дар Пажӯҳишгоҳ маркази тренингӣ кушода шуда, дар он кормандони муассиса курсҳои таълимӣ гузаштанд. Ин курсҳо барои баланд бардоштани нигоҳи стратегии онҳо бо назардошти назарияи илмии онҳо дар ҳалли проблемаҳо ва баҳодиҳии масъалаҳои вазъи демографӣ мусоидат мекунад.
Бо дастгирии хазинаи номбурда соли 2022 курсҳои омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани тахассуси кормандони соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии давлатҳои Авропои Шарқӣ ва Осиёи Миёна дар мавзӯи «Ҷамъият ва рушд» (Мактаби Олии иқтисодиёти шаҳри Москва) баргузор гардид, ки дар он кормандони Пажӯҳишгоҳ ба таври маҷозӣ иштирок намуда, аз курси Барномаи EVIEW-ро гузаштанд.
Инчунин, соли 2022 байни МД «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» ва Ташкилоти Федералии буҷетии давлатии «Институти илмӣ-таҳқиқотии умумироссиягии меҳнат»- и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расид.
Бояд қайд намуд, ки соли 2022 инчунин байни Пажӯҳишгох ва Институти таҳқиқоти меҳнати вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки дар асоси он нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2022-2023 таҳия, тасдиқ ва амалӣ гардида истодааст.