Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади роҳнамоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои кору фаъолият Федератсияи Россияро интихоб кардаанд, Ютуб-канали худро таъсис додааст. Дар барномаҳои он тамоми қонунҳои муҳоҷиратӣ, махсусан тағйиротҳое, ки пайваста ба онҳо ворид мешаванд, оид ба ҷойҳои кории расмӣ бо музди меҳнатӣ баланд ва шароити хуб, тартиби пешниҳоди огоҳинома ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, тартиби барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои будубош, тарзи гирифтани ҷуброни зарар ҳангоми бардоштани ҷароҳатҳои истеҳсолӣ дар корхона, кумак дар баргардонидани музди меҳнати пардохтнашуда ва дигар масъалаҳои муҳоҷиратӣ дар Федератсияи Россия бо лафзи фаҳмову возеҳ шарҳ дода мешаванд.
Ҳамчунин, тавассути Ютуб – канали мазкур Шумо метавонед ба пурсишҳои худ посух гиред.
Барои обуна шудан ин ҷо ворид шавед.