Имрӯз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ корманди шоистаи Тоҷикистон, ходими давлатию сиёсӣ, иштирокчии бевоситаи иҷлосияи 16 -уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Раҳмонова ва олими шинохта Ҷамолиддин Саидзода иштирок доштанд. Ҷаласаи тантанавиро бо сухани ифтитоҳӣ муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қиёмиддин оғоз намуда, меҳмонон ва кормандони гиромиро бо ин рузи таърихӣ шодбош ва аҳли иштирокдоронро хайрамақдам намуд.
Мавсуф бо сухани ифтитоҳӣ қайд намуд, ки ин санади тақдирсоз ҳуқуқи шаҳрвандонро ба зиндагӣ, меҳнат, ҳифзи саломатӣ, таҳсил, нафақа, истироҳату моликият муайян намуда, инчунин фаъолияти озодонаи ҳизбҳои гуногуни сиёсиро кафолат медиҳад. Бинобар ин, халқи баномусу ватандӯсти миллатро водор месозад, ки санади таърихӣ ва муқаддасро эҳтиром намуда, барои риояи қонунҳои амалкунада ва адолати иҷтимоӣ кӯшиш намоянд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Бахтнома ва қонуни асосии кишвар, пояи сиёсию иқтисодӣ, ғоявию маънавии давлат ва роҳи интихобкардаи моро муайяну мушаххас намуда, сарчашмаи тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимоятгари манфиатҳои ҳар як сокини Тоҷикистон буда, ҳамасола ин рӯзи таърихиро мардуми шарафманди Тоҷикистон бо фараҳу сарбаландӣ ва дастовардҳои беназир ҷашн мегиранд. Конститутсия нисбат ба дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад.
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки дастовардҳои бузургтарини кишвари азизамон пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори молиявию иқтисодӣ, таҳкими бехатарии ҷомеа, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон, ки ин ҳама маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату кӯшишҳои мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардидааст, моро водор месозад, ки ба ин арзиши моҳиятан муқаддасу гаронбаҳо арҷгузорӣ намоем.
Сипас ходими намоёни давлатию сиёсӣ Адолат Раҳмонова доир ба тасдиқу пешниҳоди лоиҳаи Конститутсия суханронӣ намуданд ва мавсуф қайд намуданд, ки мо дар пайравӣ бо дигар давлатҳои абарқудрат Конститутсияи давлати худро таҳия намудем ва Тоҷикистонро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, дунявию ягона муаррифӣ намудем. Аз замони ҷанги таҳмилӣ нобарорию нобасомониҳо ва расидан ба даврони осоишта ёдовар гардида, қайд намуданд, ки чунин давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ маҳз бо талошу заҳматҳои шабонарузии Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст. Аз ин ру, ҷавононро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати муқаддас, оромию якпорчагии кишвар, сулҳу суботи саросарӣ расида, бар ивази ғамхориҳои ин марди беназири ватан, Сарвари муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дучанд кушиш намоянд, ки ҳамчун номбардорони ин миллати сарбаланд ва ин ҷомеаи навинро ба наслҳои оянда чун гавҳари гаронбаҳо ба мерос гузоранд.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандони фаъол бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадронӣ гардида, ннчунин бо барномаи фарҳангию фароғатӣ сарояндагону навозандагон ва ансамбли “Лаъл”-и вазорат хотири меҳмонон ва иштирокдоронро болида намуда, ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшиданд.