img
ДАСТАҶАМЪОНА БО КОРРУПСИЯ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста таъкид медоранд, ки биёед кӯшишҳои худро дар мубориза бо коррупсия муттаҳид созем, ин муборизаест, ки онро дар ҳамбастагӣ бурд хоҳем кард. Дар ҳақиқат ин падидаи номатлуб нангест, ки ҷомеаи моро рӯ ба фасод меоварад.

 

Дар замони муосир коррупсия, фасод ё худ ришвахӯрӣ ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва ё вабои мудҳиш шинохта шуда, яке аз омилҳои муҳими қафо задани рушди соҳаи иқтисодию иҷтимоии кишвар, паст задани некӯаҳволии мардум ба шумор рафта, боиси коста гардидани эътимоди шаҳрвандон ба давлат ва коҳиш ёфтани умеду орзӯҳои онҳо ба рӯзи нек гардида, бо ин васила пояҳои давлату ҷомеаро фалаҷ мегардонад.

 

Қобили қайд аст, ки раванди ташаккули ин падидаи номатлуб ба қаъри асрҳо мерасад. Зеро гузаштагони мутамаддини мо дар осори гаронбаҳои хеш ришвахӯриро ҳамчун омили касифи инсоният зери танқид гирифтаанд, ки он далолати муборизаи оштинопазири инсоният бар зидди порахӯриву ришваситонӣ ба шумор меравад, ки сарчашмаи он ба умқи таърих рафта мерасад. Гарчанде ки инсоният аз даврони қадим алайҳи фасод мубориза бурда бошад ҳам, лек то имрӯз ба ягон халқият ё давлат муяссар нашудааст, ки ин зуҳуротро ба пуррагӣ аз байн барад. Вале имрӯз ба аксари давлатҳои ҷаҳон муяссар шудааст, ки сатҳи ин падидаи номатлубро коҳиш диҳанд.

 

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро, ки ин масъала ба ташвиш овардааст, баҳри бартараф намудани он тамоми халқият ва кишварҳои дунё муттаҳид гардидаанд. Имрӯз дар дунё кишваре нест, ки ба ин мушкилот рӯ ба рӯ нагардидаву алайҳи он мубориза набурда бошад. Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро  ҳамчун сатҳи афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули  заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд.

 

Мавриди қайд намудан аст, ки ҳануз 21 июли соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзур намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия” қабул гардида дар самтҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зидикоррупсионӣ муайян карда шуданд. Ҷиҳати тақвияти шафоффияти раванди идоракунии давлатӣ, ҷори намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқарар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани тамоми шаклҳои рафтори коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ намудани чунин амалҳо заминаҳои боэътимод фароҳам оварда шуданд.

 

Ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия ва дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуданд. Дар даврони истиқлолият ду стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия қабул шуд, ки дар онҳо чораҳои маҷмӯии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангидоштаи вобаста ба муқовимат бо коррупсия пешбинӣ гардидаанд.

 

Бо дарназардошти он, ки коррупсия аз ҷумлаи зуҳуроти хатарноки глобалӣ мебошад, соли 2003 Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, ба шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд шомил гардид ва дар доираи Нақшаи Истамбулии амалҳо оид ба мубориза бо коррупсия иқдомоти зиёдеро вобаста ба такмили қонунгузорӣ дар ин самт амалӣ намуд. Санаи 31-уми октябри соли 2003 барои дар сатҳи ҷаҳонӣ пешгирӣ ва аз байн бурдани ин падидаи мудҳиш Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул гардид, ки он санади ҳуқуқии зиддикоррупсионии аҳамияти байналмилалидошта ба шумор меравад.

 

Дар ин самт ҳамаи санадҳои дахлдори байналмилалӣ, аз ҷумла соли 2006 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расонида шуданд. Ҷумҳури Тоҷикистон, ки имрӯз дар қатори ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин мушкилот азият мекашад, баҳри бартараф ва решакан намудани ин вабои аср санаи 25-уми сентябри соли 2006 ба ин ҳуҷҷати муҳим имзо гузошта, ба узвияти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Баъди аз ҷониби кишвари мо пазируфта шудани Конвенсияи Мазкур масъалаи бартараф намудани фасод ва мубориза алайҳи он дар меҳвари асосии сиёсати давлату Ҳукумат қарор дода шуда, баҳри пешгирии ҳамаҷонибаи ин зуҳуроти номатлуб чандин санадҳои ҳуқуқии аҳамияти зидди коррупсионӣ дошта қабул карда шуда, баҳри муборизаи оштинопазир бо фасод бо фармони Президенти кишвар санаи 10-уми январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

 

Коррупсия дар тамоми шаклҳояш рафтори зиддиҳуқуқӣ эътироф гардида, нисбат ба шахсони содиркунандаи чунин кирдор ҷавобгарӣ пешбини карда шуд. Ҳамин тавр, дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии мубориза бо коррупсия муҳайё карда шуда, мақомоти ба муқобили коррупсия муборизабаранда муайян карда шуданд. Ҳамчунин, бо мақсади ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани қонунгузории кишвар ва ҷиҳати фарогирии масъалаҳои марбут ба коррупсия муҳайё карда шуда, мақомоти ба муқобили коррупсия муборизабаранда муайян карда шуданд. Ҳамчунин, бо мақсади ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани қонунгузории кишвар ва ҷиҳати фарогирии масъалаҳои марбут ба коррупсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёри ҳуқуқӣ” ба тавсиб расонида шуд, ки он ба рафъи омилҳои коррупсионӣ дар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ва лоиҳаи онҳо мусоидат менамояд. Ҳамчунин, бо мақсади баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ дар қонунгузории кишвар тақвияти муқовимат бо коррупсия  ва гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсияро ҳамчун шарти ҳатмӣ муқарар намуда, ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ санҷиши ҳолатҳои содир гардидани кирдори коррупсионӣ зарур ҳисобида шуд. Дар натиҷаи ин чорабиниҳо шиддати коррупсия дар кишвар тадриҷан коҳиш ёфта, эҳсоси таҳаммулнопазири мардум нисбат ба чунин амалҳои нангин  хеле афзуд.

 

Афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба вазъи коррупсия дар кишвари мо низ ба таври мусбат тағйир ёфта, айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон дар индекси байналмилалии дарки коррупсия дар зинаҳои баланд қарор дорад. Аз ин лиҳоз, бо итминон метавон гуфт, ки Тоҷикистон ба ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муқовимати самаранок ба ин зуҳурот муваффақ шудааст.

 

Барои батамом решакан намудани ин зуҳурот ҷомеаи шаҳрвандиро мебояд дар ин самт дастаҷамъона амал намуд. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аст, ки дар аксари суханониҳояшон доир ба масъалаи мазкур таъкид мекунанд: “Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад”.

 

Бинобар он, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, баҳри баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба давлат, афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирии пайомадҳои номатлуби он, дар ҷомеа вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буда, моро зарур аст, ки дар мубориза алайҳи ин зуҳурот бояд муттаҳид бошем.

 

Баҳрулло Ғайбуллоев,

мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ         

 

 

 

16.05.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ